ОБУ ҲАВО: Аз 27 то 30 январ ба Тоҷикистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Дар ин бора дирӯз, 25 январ сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои вилояти Суғд шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.
Имрӯз, 26 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои Агентӣ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, шабона 5-10 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки тағйирёбанда ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво тағйирёбанда ва абрноки бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар робита ба сард шудани ҳаво 25 январ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш намуд, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкунии барқӣ қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро ҷиддӣ риоя кунанд ва дар истифодаи он сарфакор бошанд. Инчунин дар ин рӯзҳо шаҳрвандонро мебояд аз гузаронидани корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ намоянд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






