ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 08.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйиёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад»,- хабар дод манбаъ.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






