ОЙИНИ ПОДШОҲОНИ НЕКАҲД. Гуфтори бузургони илму адаби классикӣ ва муосири тоҷик роҷеъ ба ҷашни Сада

Январь 23, 2018 16:12

ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва баргузор намудани ҷашни Сада дар рӯзи 30 январи соли ҷорӣ гуфтори донишмандон ва бузургони адабиёти муосири форсу тоҷикро роҷеъ ба ин ҷашни бостонии миллӣ гирдоварӣ ва таҳия намуд. Инак, маводи таҳияшуда  пешниҳоди хонандагони АМИТ «Ховар» гардонида мешавад:

Абулқосим Фирдавсӣ  андар пайдоиши ҷашни Сада чунин мефармояд:

 

 

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд каси ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизи дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар ду чашмаи хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ ҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Аз ин табъи санг оташ омад фароз.
Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Шаб омад бирафрухт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.

Устод Фирдавсӣ боз навиштааст:

Магар меҳри Наврӯзу ҷашни Сада,
Ки ӯ пеш рафтӣ миёни рада.

***

Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд рӯзгори Сада.

Низомии Газнавӣ дар ситоиши ин ҷашни ҷаҳони фармудааст:

Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гаштӣ ойини ҷашни Сада.

Дар асари машҳури Умари Хайём  «Наврӯзнома» мехонем: «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».

Ва аммо Абӯрайҳони Берунӣ овардааст:  «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».

Вожаи «Сада» дар китоби «Авесто» ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Бубинем Унсурии Балхӣ чӣ мегӯяд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Ва Манучеҳри Домғонӣ:

Омад, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Оташе бояд чунон ки фарози аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
Май хӯр, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Бода хӯрдан бале аз одати аҳрор бувад.

Ва Фаррухии Сиистонӣ:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тароз.

***

Шаби Сада-ст яке оташи баланд афрӯз,
Ҳақ аст мар Садаро бар ту, ҳаққи он бигзор.

Ва боз ҳам Манучеҳрии Домғонӣ:

Инак, биомадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор

***

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад,
Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад.
Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад.

Ва Фаррухии Систонӣ боз фармуда:

Рӯшанӣ бар осмон аз хоки тира бар шавад,
Рӯшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада.

Ин мисраъҳоро Адиби Барӯманд гуфтааст:

Биовар май, ки гоҳи комронист,
Зи май моро ҳавои саргаронист.
Наво сар деҳ ба оҳанги ҳумоюн,
Ки гӯйӣ дар сарам шӯри ҷавонист.
Бизан сантуру з-он пас тору танбӯр,
Ки дилхоҳам суруди хусравонист.
Ба ойини Сада шобош сар кун,
Ки ин расм аз русуми бостонист.
Муборак бод ин ҷашни каёнзод,
Бар он к-ў дар танаш хуни каёнист.
Сада ин ҷашни фаррухфоли фирӯз,
Намоде аз суруру шодмонист.
Сада ин ёдгори аҳди дерин,
Фурӯғаш зинда, номаш ҷовидонист.

Бояд тазаккур дод, ки дар фолклори мардумӣ (адабиёти шифоҳии халқ) низ дар бораи ин ҷашни бостонӣ гуфтор ва шеъру сурудаҳои зиёде ҳастанд, ки чанд намунгаи онҳоро ин ҷо меорем:

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андар ин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

***

Хуршеди Сада бар сари мо нурфишон шуд,
Аз шуълаи он гарм дили пиру ҷавон шуд.

***

Зардиву ранҷурии ман аз ту,
Сурхиву хуррамии ту аз ман.

Январь 23, 2018 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид