Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Талаботи аввалини Президенти мамлакат аз роҳбарони мақомоти ҷумҳурӣ шахсан қабул кардан ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон аст»

Январь 25, 2018 15:14

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз нишасти  матбуотии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти  иҷтимоию иқтисодии  соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2017  бо   пешниҳоди ҳисоботи раиси ноҳия   Шариф Самӣ   оғоз гардид.

            Раиси ноҳия  дар баробари пешравиҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2017 оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта  изҳори назар карда, гуфт, ки  бо вуҷуди нисбат ба соли 2016  имсол пешравӣ доштани соҳаи саноати ноҳия аз фаъолияти он  қаноатбахш буда наметавонанд.

«Мо тамоми имкониятҳоро ба кор  мебарем, то ин соҳаро рушд диҳем. Зеро танҳо ба ин восита  метавонем мардумро бо маҳсулоти ватанӣ ва  ҷойи кор таъмин намоем», — афзуд  раиси ноҳия дар тақвияти гуфтаҳои боло.

Сипас  байни раиси ноҳия  ва  намояндагони  ВАО суолу ҷавоб сурат гирифт.

Дар ҷавоб ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди бо оби нӯшокӣ пурра таъмин набудани сокинони маҳаллаи Кӯҳдоман раиси ноҳия  зикр кард, ки дар ҳақиқат қубурҳои интиқоли об дар маҳаллаи мазкур кӯҳнаву фарсуда ва аксаран корношоям буда,  боиси ба ин мушкилӣ дучор гардидани  сокинонаш  гардидаанд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ҷиҳати бартараф  намудани норасоии оби нӯшиданӣ дар маҳаллаи Кӯҳдоман  мусоидат менамояд. Бо амалишавии «Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва беҳдоштии шаҳри Душанбе», ки он  аз ҷониби КВД «Обу корези Душанбе» татбиқ мегардад,  ин  масъала пурра ҳалли худро меёбад,- гуфт раиси ноҳия.

«Солҳои зиёд раисии шаҳру ноҳияҳоро бар дӯш доштам  ва дар ин соҳа таҷрибаи зиёд дорам. Аз ин таҷрибаҳо бардоштам, ки    маҳз бо шарофати  миёни мардум   будан,  ба онҳо самимона хизмат кардан ва дар ҳама ҳолат ба онҳо  такя намудан ба анҷоми як зумра  амалҳои созандаву бунёдкорона сазовор мегардем», — гуфт Шариф Самӣ ба суоли дигари хабарнигор дар бораи дар рӯзҳои шанбе  чӣ гуна ба роҳ монда шудани  қабули  шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия.

Шариф Самӣ дар идомаи посухаш  зикр кард, ки талаботи  аввалини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони мақомоти мамлакат шахсан   қабул намудани  шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати онҳо   мебошад.

Раиси ноҳия гуфт, ки ҳар рӯзи шанбе   шаҳрвандонро қабул менамояд ва   тамоми имкониятҳоро ба кор мебарад, то арзи онҳо дар доираи муқаррароти қонун  баррасӣ шавад. Дар баробари ин,  то имрӯз дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия бо мардум зиёда аз 30  мулоқоту суҳбатҳо доир намудаанд, ки  зимни он мардум арзу ниёзи хешро  пешниҳоди масъулини ноҳия гардониданд.

«Матбуот дар рушди ҷомеа нақши созгор дорад. Аз ин рӯ,  нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо номи «Сомон»-ро таъсис додем», — изҳор дошт Шариф Самӣ дар фарҷоми нишасти хабарӣ.

Январь 25, 2018 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад