«Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ»-конференсияи сайёҳӣ дар ноҳияи Дарвоз
ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи сайёҳӣ омили муҳими таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ба шумор рафта, таъриху фарҳанг, табиат, обҳои мусаффою шифобахш, анъанаҳо ва хӯрокҳои миллии миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ин нуктаро муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода зимни Конференсияи сайёҳӣ, ки таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ- омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ» дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, таъкид намуд.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумита Абдукарим Қурбонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, соҳибкорон, роҳбарони меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ҳунармандони маҳаллӣ ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, қабл аз баргузории ҷамъомад бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ба маъраз гузошта шуд.
Дар конференсия зикр гардид, ки ноҳияи Дарвоз дар қисмати ҷануби ВМКБ ҷойгир буда, дарвозаи Бадахшон маҳсуб меёбад ва тавассути ин ноҳия сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят ворид мегарданд.
Вобаста ба имкониятҳои сайёҳии ин минтақа зикр шуд, ки дар ноҳия як шаҳри қадимӣ бо номи Карон, ки таърихи беш аз 4000-сола дорад ва зиёда аз 25 мавзеи таърихиву фарҳангӣ мавҷуданд, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.
Ба иттилои масъулини ноҳия, дар ҳудуди ноҳия 8 адад меҳмонхонаҳои дорои шароити муносиб ва тарабхонаҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.
Баъди конференсия иштирокдорон аз як зумра мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Дарвоз, аз ҷумла, «Чорчаман», ҳомстейҳо, имкониятҳои хизматрасонии Ширкати сайёҳии «М. Сайёд», ки дар яке аз мавзеъҳои кӯҳсори зебоманзари ноҳия ҷойгир аст, дидан намуданд.








Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






