Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифи тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 08.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Паёми Пешвои миллат-барномаи амал дар самти рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию назариявӣ доир гардид.
Дар конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018-ро даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, иқдоми наве дар такмили худшиносии миллӣ ва саҳифаи нави муаррифи тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.
Дар конференсия ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Паём-дастури раҳнамосоз дар самти сайёҳӣ», «Нақши Шӯрои байниидоравӣ дар таъмини рушди туризм дар вилояти Хатлон», «Ҳунарҳои миллӣ- муаррифи фарҳанги миллӣ» ва «Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди туризми таърихӣ дар вилояти Хатлон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардиданд.
Таъкид гардид, ки рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ на танҳо манбаи болоравии сатҳи иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқ, балки муаррифи тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар самти амалишавии ин иқдом саҳмгузор бошем.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






