Сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюк бар асари ҳамлаи террористӣ дар Кобул осеб надидааст
ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи «Вести»-и шабакаи телевизионии «Россия» иттилоъ дод, ки рӯзи 20 январ Сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюк зимни ҳамлаи террористӣ дар Кобул ҳангоми забти меҳмонхонаи «Intercontinental» ҳалок гардидааст.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон, ки хушбахтона зинда ва саломат аст, зикр намуд, ки рӯзи содир шудани ҳамлаи террористӣ дар Душанбе қарор дошт ва ҳангоми хондани иттилоъ дар бораи гӯё ҳалок шуданаш дар ҳайрат монд. Сафир ҳодисаро шарҳ дода, афзуд, ки Украина ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, аз ҷумла, ҳамлаи террористиро дар Афғонистон, ки бар асари он 7 нафар шаҳрвандони Украина ҳалок гардиданд, маҳкум менамояд.
«Ҷасади қурбониён, инчунин 19 нафар шаҳрвандони дигари Украина низ, ки наҷот ёфта буданд, аллакай ба ватан фиристода шуданд», — гуфт сафир.
«Аз як тараф, мо ба пайвандони қурбониён ҳамдардии амиқ изҳор менамоем, аз тарафи дигар, бар зидди терроризм мубориза мебарем ва тадбирҳоеро, ки дар ин самт Ҳукумати Афғонистон меандешад, пурра дастгирӣ мекунем», — афзуд Виктор Никитюк.
Ёдовар мешавем, ки 20 январ ифротгароён меҳмонхонаи «Intercontinental»-ро забт намуданд. Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ 43 нафар ҳалок гардида, 126 каси дигар, аз ҷумла, 41 нафар шаҳрвандони хориҷӣ наҷот дода шуданд. Дар ин бора дар сомонаи барномаи телевизионии «Вести» хабар дода шудааст.
Дар ин ҳодиса 6 нафар одамони мусаллаҳ ба меҳмонхона даромада, баъзе аз бошандагони меҳмонхонаро куштанд ва боқимондаро асир гирифтанд. Амалиёти озоднамоӣ тақрибан 17 соат идома кард. Аз меҳмонхона 150 нафарро таҳвил доданд. Миёни террористон 5 нафар маҳв гардиданд. Масъулияти ҳамларо ҳаракати «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифт.









Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






