Соли 2017 дар пойтахт сохтмони муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо ва ташкили боғу гулгаштҳо вусъат ёфт

Январь 27, 2018 10:06

ДУШАНБЕ, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр 4 муассисаи томактабӣ ва таълимӣ бо 2 ҳазору 30 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки нисбат ба  соли  2016  880 ҷойи нишаст зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети шаҳр, вазорату идораҳо ва соҳибкорон дар 28 иншооти муассисаҳои таълимӣ барои 16 ҳазору 944 ҷойи нишаст корҳо оғоз шуда, бо маром идома доранд. Ин матлабро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини  якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба намояндагони ВАО иброз дошт.

Номбурда ҳамчунин  аз сохтмони 70 адад майдончаи варзишӣ,   50 гулгашт бо ташкили ҷой барои истироҳати шаҳрвандон,  6 иншооти ирригатсионӣ,  таъмиру мумфарш гардидани  роҳҳо ба масофаи 66,4 километр   (846 593 метри мураббаъ) ва   мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур  дар давраи ҳисоботӣ  хабар дода, илова кард, ки дар ин муддат  аз ҷониби шахсони эҳсонкор  50,4 километр (379 124 метри мураббаъ) роҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Маҳмадсаид Зувайдзода  дар тақвияти гуфтаҳои боло зикр кард, ки айни замон  дар 12 мавзеъ корҳои ободонию сабзазоркунӣ, ташкили боғу гулгаштҳо ва дар 92 мавзеи дигар  сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, барои ба  талаботи муосир мувофиқ гардонидани иншооти манзилӣ таъмиру тармими  биноҳои маъмурӣ ва манзилӣ дар 20 иншооти хиёбони Рӯдакӣ  идома доранд.

Январь 27, 2018 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад