Соли 2017 дар вилояти Суғд 63 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд

Январь 4, 2018 15:28

ХУҶАНД, 04.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.    Соли 2017 дар доираи эълони Соли ҷавонон дар вилояти Суғд 63 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла, 9 толори варзишӣ, 51 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуданд.

Бояд гуфт, ки бештари ин иншоот асосан дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Гулистон, Истаравшан, Исфара ва Хуҷанд ифтитоҳ гардиданд, ки аз шумораи умумӣ 13-тои он дар маркази вилоят ҷойгиранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои сохтмон ва бунёди иншооти зерин аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 9844,8 ҳазор сомонӣ ва ҳамчунин соҳибкорони маҳаллӣ 8256,5 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Ҳамзамон давоми соли сипаригардида варзишгарони вилоят дар 44 мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, 178 медал, аз ҷумла, 31 медали тилло, 45 медали нуқра ва 102 медали биринҷӣ ба даст оварда,  дар 99 мусобиқаи гуногуни ҷумҳуриявӣ соҳиби 680 медали тилло, 598 медали нуқра ва 946 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар ин сол ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти варзишгарони соҳибкасб дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 985 мусобиқаву чорабиниҳои   мухталифи варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногун гузаронида шуданд.

 

Январь 4, 2018 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик