«Тоҷикагролизинг» имкон дорад хизматрасонии техникиро нисбат ба хоҷагиҳои шахсӣ 20 дарсад арзон ба роҳ монад

Январь 30, 2018 15:41

ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» имконият дорад, ки дар мавсими шудгору кишти зироати ғалладонагӣ ва дигар намуди зироат дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои ҷумҳурӣ хизматрасонии техникиро нисбат ба хоҷагиҳои шахсӣ то 20 дарсад арзон иҷро кунад. Маъракаҳои  шудгор, кишти баҳорию тирамоҳӣ, такрорӣ ва дигар корҳои агротехникиро босифат ва сари вақт анҷом дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ кумаки амалии техникӣ расонад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода ба хабарнигорон баён дошт.

Ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг», соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 20 адад комбайнҳои ғалладарави тамғаи «Нива- Эффект», 165 адад тракторҳои гуногунтамғаи МТЗ ба корхона ворид карда шуданд. Инчунин дар асоси шартномаи тарафайн байни КВДҶ «Тоҷкагролизинг» ва ширкати «Агралис»-и Германия 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори навъи «Класс-Тигер» барои ҷамъоварии шолӣ ва аз Ҷумҳурии Чин 8 адад тракторҳои  тасмачархи белдор ба ҷумҳурӣ ворид ва пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонида шуданд.

Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба Агентии японии ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҷудо намудани 10 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати харидории техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба хотири таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳа пешниҳод карда шудааст.

Январь 30, 2018 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад