«Тоҷикагролизинг» имкон дорад хизматрасонии техникиро нисбат ба хоҷагиҳои шахсӣ 20 дарсад арзон ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» имконият дорад, ки дар мавсими шудгору кишти зироати ғалладонагӣ ва дигар намуди зироат дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои ҷумҳурӣ хизматрасонии техникиро нисбат ба хоҷагиҳои шахсӣ то 20 дарсад арзон иҷро кунад. Маъракаҳои шудгор, кишти баҳорию тирамоҳӣ, такрорӣ ва дигар корҳои агротехникиро босифат ва сари вақт анҷом дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ кумаки амалии техникӣ расонад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода ба хабарнигорон баён дошт.
Ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг», соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 20 адад комбайнҳои ғалладарави тамғаи «Нива- Эффект», 165 адад тракторҳои гуногунтамғаи МТЗ ба корхона ворид карда шуданд. Инчунин дар асоси шартномаи тарафайн байни КВДҶ «Тоҷкагролизинг» ва ширкати «Агралис»-и Германия 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори навъи «Класс-Тигер» барои ҷамъоварии шолӣ ва аз Ҷумҳурии Чин 8 адад тракторҳои тасмачархи белдор ба ҷумҳурӣ ворид ва пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонида шуданд.
Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба Агентии японии ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҷудо намудани 10 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати харидории техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба хотири таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳа пешниҳод карда шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






