Тоҷикистон макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад–бардошт аз Паёми Пешвои миллат

Январь 19, 2018 14:57

КӮЛОБ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъалаҳои ҳаёти дохиливу хориҷии ҷумҳуриро фаро гирифта, воқеан як дастурамали омӯзишӣ ва корбарӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда барои аҳли ҷомеа мебошад.

Дар оғози Паём зикр шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин восита, таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Яъне Паёми навбатӣ аз пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври устуворона дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ шаҳодат медиҳад.

Муҳтавои Паём васеъ буда, яке аз бахшҳои умдаи Паёми имсола ба солимии ҷомеа равона карда шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба масъалаи солимии ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, диққати вазорату идораҳои марбута, мутахассисони соҳа ва соҳибкорони ватаниро ба масъалаҳои пешгирӣ аз воридоту фурӯши доруҳои пастсифат ҷалб карда, таъкид намуданд, ки баҳри ҳифзи саломатии миллат ва генофонди миллат аз дорую дармони баландсифат истифода шавад.

Тавре дар паёмҳои солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шудааст, яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи марбут ба саломатии миллат вориду фурӯши доруворӣ, маводи тиббии ҷавобгӯи стандарти ҷаҳонӣ ва муҳимтар аз ҳама, истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ дар дохили мамлакат мебошад.

Дар асоси нишондодҳои барномавии паёмҳои Пешвои миллат баҳри пешгирӣ аз воридоти дорувории пастсифату қалбакӣ бо истифода аз анъанаҳои қадимии тибби тоҷик, паст фаровардани нархи доруворӣ ва истифода аз гиёҳҳои шифобахши тиббӣ, меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши сарзамини Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ бо дастгирии давлатӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ иқдомҳои шоиста менамоянд.

Ба ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод намуданд, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд, ки ин ғамхории Пешвои миллат бевосита барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва солимии миллат ровона карда шудааст.

Ҳамзамон Сарвари давлат бо итминони комил ва дилпурона изҳор намуданд, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё месозем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносӣ зиёд буда, дар баробари ин шароити мусоиди сарзамини мо аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои баланду зебо, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Албатта, ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди  соҳаи сайёҳӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ хоҳад гардид.

Бояд гуфт, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо роҳандозӣ намудани нақшаичорабиниҳои мушаххас ҷиҳати баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат пайваста дар миёни аҳолии маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб вохӯриву суҳбатҳо доир менамояд.

Дар хулосаи ин Паёми муҳим зикр гардидааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.

Бо бовари комил метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастурамали ҳаётӣ барои мардуми мамлакат  моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳои созандаро талаб менамояд.

 

Фирӯзи САИДМУЪМИН,

 мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Январь 19, 2018 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид