Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои об: «Суръати афзоиши истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 105,2 фоиз баробар гашт»
ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаригардида истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҳамаи манбаъҳо 18 млрд.114,3 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, 889,8 млн кВт.соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 105,2 фоиз баробар шуд. Ин матлабро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода имрӯз, 30 январ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» дар ҷамъи хабарнигорон баён кард.
Дар самти содироти неруи барқ дар соли сипаригардида Усмоналӣ Усмонзода афзуд, ки ҳаҷми умумии содироти неруи барқ соли 2017 ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз ҷониби Ширкати «Барқи тоҷик» 1 млрд. 304 млн. кВт. соат ба маблағи 454,6 млн. сомонӣ ва аз ҷониби Ширкати «Помир-Энерҷӣ» 4 млн. 7 ҳазор кВт. соат ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ амалӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ ба 428,1 ҳазор Гкал баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 116,5 ҳазор Гкал зиёд аст. Ин асосан аз ҳисоби МБГ-2, ки айни замон бо иқтидори пуррааш фаъолият менамояд, ба даст омадааст.









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






