Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои об: «Суръати афзоиши истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 105,2 фоиз баробар гашт»

Январь 30, 2018 16:09

ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар соли сипаригардида истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҳамаи манбаъҳо 18 млрд.114,3 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, 889,8 млн кВт.соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 105,2 фоиз баробар шуд. Ин матлабро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода имрӯз, 30 январ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» дар ҷамъи хабарнигорон баён кард.

Дар самти содироти неруи барқ дар соли сипаригардида Усмоналӣ Усмонзода афзуд, ки ҳаҷми умумии содироти неруи барқ  соли 2017 ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз ҷониби Ширкати «Барқи тоҷик» 1 млрд. 304 млн. кВт. соат ба маблағи 454,6 млн. сомонӣ ва аз ҷониби Ширкати «Помир-Энерҷӣ» 4 млн. 7 ҳазор кВт. соат ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ амалӣ гардид.

Зикр карда шуд, ки  дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ ба 428,1 ҳазор Гкал баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 116,5 ҳазор Гкал зиёд аст. Ин асосан аз ҳисоби МБГ-2, ки айни замон бо иқтидори пуррааш фаъолият менамояд, ба даст омадааст.

 

Январь 30, 2018 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд