Вакилони Парлумон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба сафари корӣ мебароянд
ДУШАНБЕ, 2.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар Шӯро таъкид гардид, ки мутобиқи бандҳои 283 ва 284-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 17 январи соли 2018 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд.
Дар Шӯро ҳамчунин барои пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баҳри иҷрои ҳатмии супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Аъзои Шӯро ҳамчунин Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лоиҳаи мазкурро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Насриддинзода муаррифӣ намуда, таъкид намуд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз 7 қисм иборат буда, тибқи онҳо ба 36 моддаи Қонуни конститутсионии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, дар қисми 2 моддаи 16 ва қисми 2 моддаи 18 баъд аз калимаҳои «Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» калимаи «судяҳои» илова карда мешавад. Дар қисми 8 моддаи 19 баъд аз калимаҳои «Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» калимаи «судяи» ва пеш аз калимаҳои «вилоят ва шаҳри Душанбе» калимаҳои «судҳои иқтисодии» илова мегардад.
Сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 1 моддаи 53, ки салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар таҳрири нав ифода карда мешаванд.
Мутобиқи қисми 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» суде, ки санади судиро баровардааст, иҷрои онро назорат мекунад. Аммо дар дигар моддаҳои Қонуни конститутсионии мазкур ба ҷои калимаи «назорат» калимаи «таъмин» истифода гардидааст. Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолат ва рафъи гуногунфаҳмӣ моддаҳои 32, 33, 34, 35, 36, 38, 39, 40, 41, 42, 54, 55 , 56, 63, 64, 65, 71, 76, 77, 78, 79, 82, 83, 84, 85, 87, 88, 89 ва 90-и Қонун таҳрир карда мешаванд.
Илова намудани сархати сеюм ба қисми 1 моддаи 56 меъёри мазкурро пурра гардонида, ба судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият медиҳад, ки эътироз ва шикояти назоратиро бо парвандаҳо мутобиқи қонунгузории мамлакат баррасӣ намояд.
Сархати панҷуми моддаи 88 дар таҳрири нав муқаррар менамояд, ки раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати суд ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян намоянд.
Аъзои Шӯро дар бораи ташкили гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Миллии Венгрия, дар бораи ташкили гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои намояндаҳои минтақавии Ҷумҳурии Индонезия (Парламент), дар бораи ташкили гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагии Малайзия, дар бораи ташкили гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Ҷумҳурии Сингапур, дар бораи ташкили гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария, дар бораи ташкили гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Ҷумҳурии Шри Ланка қарори дахлдор қабул намуданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд






