ВАО шоҳиди нобуд кардани зиёда аз 341 кг маводи нашъаовар гардид

Январь 24, 2018 09:40

ДУШАНБЕ, 24.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 кг 355 гр героин, 31 кг 860 гр ҳашиш, 277 кг 73 гр маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, 7 кг  70 гр афюн, дар маҷмӯъ 341 кг 196 гр маводи нашъаовар имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ  сӯзонида шуданд.  Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Тавре зикр гардид, ин маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми ҳаждаҳ соли охир дар ин бухорӣ зиёда аз 20 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудаанд.

Бино ба иттилои масъулини Агентӣ, соли 2017 2 тоннаву 329 кг маводи мухаддир нобуд карда шудаанд, ки  назар ба соли 2016 1 тоннаву 463 кг ё 2,6 маротиба зиёд мебошад.

 

 

 

Январь 24, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик