ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Январь 15, 2018 13:09

ДУШАНБЕ, 15.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон  ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Дарёфт ва мусодираи хокаи тилло ва сиккаҳои фулузӣ

Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-сола ва марди 47-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо дастгир карда шуданд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 200 грамм хокаи тилло, 194,55 грамм пораҳои баргмонанди тилло ва 5 адад сиккаҳои фулузии «Николай-11» дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Даст ба ғоратгарӣ задани ноболиғ

Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ зани 29-солаи сокини пойтахт бо ариза муроҷиат намудааст, ки 13 январи соли равон ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-3»-ро, ки арзишаш 1300 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо гумони ғоратгарӣ дастгир намуданд.

Номбурда бо ҳамин роҳ дар хиёбони Рӯдакӣ бо тариқи зӯроварӣ аз зани 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-1», ки арзишаш 720 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби роҳбари «Сайри Сайёраҳо»

Кормандони милитсия бо гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 12 январи соли равон, марди 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур, роҳбари ҶДММ «Сайри Сайёраҳо»-ро ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир намуданд.

Номбурда дар давоми моҳи октябри соли 2017 бе доштани иҷозатнома оид ба сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар хориҷи мамлакат, ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул шуда, дар идораи ҶДММ-и мазкур 37 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ҷалб намуда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои кор ба сифати ронанда сафарбар намудааст.

Ҳалокати шаҳрванд дар натиҷаи лату кӯб

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда 8 январи соли равон дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Аорум ойл», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷӣ бо ҷавонписари 19-солаи сокини ҷамоати мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Январь 15, 2018 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд