АЗ ПАИ ЭРОДҲО. Масъалаи ғайриихтисос фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст

Февраль 3, 2018 09:39

ДУШАНБЕ, 3.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг се  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ҳамзамон  дар баробари ин, дар хориҷи давлат садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, иддае аз онҳо аллакай дар театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият карда истодаанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг мушоҳида мешавад». Китобдорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад. Дар ин замина  баҳри тайёр кардани кадрҳои соҳаи китобдорӣ як муассисаи олӣ ва ду муассисаи миёнаи касбӣ то андозае саҳм гузошта истодаанд. Вале ин ҳам талаботи соҳаро қонеъ карда наметавонад. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ „Ховар“ бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов суҳбат намуд.

«Ховар»: Вазъи имрӯзаи соҳаи китобдорӣ, минҷумла вазъи мутахассисони соҳа чӣ гуна аст? Тавре огаҳем, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз норасоии кадрҳои соҳа дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Г. Маҳмудов: Дарвоқеъ, Истиқлолият дар самти китобдории мамлакат марҳилаи нав кушод ва барои рушду нумӯи он шароити беҳтар фароҳам овард. Мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои замонавии китобхонаҳо  дар як қатор шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва бо технологияи муосир таъмин будани онҳо аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Вале  дар ин росто китобхонаҳои муосир  беш аз ҳарвақта  ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбанд. Аз ин лиҳоз, сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ  тақозо мекунад, ки имрӯз таваҷҷуҳи асосӣ ба омода намудани мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгӯ равона карда шавад.   Дуруст аст, ки имрӯз норасоии кадрҳои соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале  масъалаи ғайритахассус  фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад.

«Ховар»: Тавре медонем, дар ҷумҳурӣ як муассисаи олӣ ва се муассисаи миёнаи касбии соҳаи китобдории ҷумҳурӣ баҳри тайёр намудани мутахассисон барои китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ   саҳм мегиранд. Вале  ҳанӯз ҳам норасоии кадрҳо боқӣ мемонад. Гузашта  аз ин, қисмати бештари   мутахассисоне, ки омода мешаванд, дар бозори меҳнат рақобатпазир нестанд. Мушкилот дар чист-сифати таълим ё чизи дигар..?

Г. Маҳмудов: Бале, дуруст аст, ки муассисаҳои номбурда дар омода сохтани мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба қадри имкон  саҳм гузошта истодаанд, аммо  бо ин тарзу теъдод омода намудани  кадрҳо дар солҳои наздик ва  таъмин намудани китобхонаҳо бо мутахассисон  ғайриимкон аст.

Тахассусҳое, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии китобдории  ҷумҳурӣ омӯзонида мешаванд, вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир таҷдиди назар мехоҳад. Дар навбати худ, имрӯз ба шаклҳои бозомӯзӣ ва муттасилаи маълумоти китобдорӣ зарурат ба миён омадааст. Бозомӯзии кормандони китобхонаҳо  ҳамчун як ҷузъи системаи таҳсили идомаёбанда дар ҳолати кунунӣ  ба таҳқиқот зарурат дорад.

Бубинед, имрӯз дар ҷумҳурӣ 1355 китобхонаи давлатию оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд. Танҳо  213 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ, боқимонда бо маълумоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунанд, ки самаранокии фаъолияти равандҳои китобдориро коста мегардонад.  Мушкили дигаре, ки имрӯз моро нигарон кардааст, ин паст будани сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мебошад. Ин вазъ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст.

«Ховар»: Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо, махсусан мутахассисони соҳа чӣ гуна аст?

 Г. Маҳмудов: Бояд бигӯям, ки вазъи таъминоти кадрии Китобхонаи миллӣ аз бисёр паҳлуҳо махсусиятҳои худро дорад. Масалан, дар сохтори китобхона баъзе шуъбаҳое ҳастанд, ки дар онҳо бояд  ҳатман мутахассисони дорои маълумоти соҳаи китобдорӣ  кор кунанд. Аз ҷумла, шуъбаи  дастхатҳо ва китобҳои нодир, ки дар он  бештар маводе гирдоварӣ мешаванд, ки китобҳои қаламӣ ё аснод бо забонҳои арабӣ, форсӣ  ва дигар забонҳоянд. Аз ин лиҳоз, барои ин шуъба  мутахассисоне зарурат доранд, ки хатшинос ва донандагони забони арабӣ ва  дигар забонҳо бошанд. Бинобар  ин, мо дар ин шуъба мутахассисони факултаҳои забонҳои Шарқро ба кор қабул мекунем. Ё ин ки Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ. Дар ин шуъба, пеш аз ҳама, он нафароне ба кор қабул мешаванд, ки дорои маълумоти тахассусии соҳаи барномарезӣ бошанд.  Барои ҳамин дар Китобхонаи миллӣ агар аз рӯи фоизнокӣ гирем, зиёда аз 35 % кормандон дорои маълумоти олии тахассусии соҳаи китобдорӣ, 15 % маълумоти миёнаи касбии китобдориянд, боқимонда бо маълумоти дигар  соҳаҳо вобаста ба шуъбаҳои мухталифи китобхона  фаъолият мекунанд.

Аз ин лиҳоз хуб мешавад, ки дар барномаҳои таълимии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон фанҳое ворид карда шаванд, ки ба масъалаи барномарезии соҳаи китобдорӣ, истифодаи технологияи муосир ва забономӯзӣ диққати махсус дода шаванд.

«Ховар»: Тавре маълум аст, Китобхонаи миллӣ яке марказҳои бузурги соҳаи китобдорӣ мебошад. Дар ин самт аз ҷониби масъулин ҷиҳати такмили дониши китобдорони ҷумҳурӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Г. Маҳмудов: Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҳамчун маркази ҳамоҳангсозӣ  ва маркази методии тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз Китобхонаи миллӣ барои китобхонаҳои  мамлакат дастурамалҳои методию бибилографӣ омода ва  таҳия мекунад, ки барои пешбурди кори соҳа аҳамияти муҳим доранд. Ҳамзамон маркази такмили ихтисоси китобхона аз рӯи якчанд барномаи таълимӣ курсҳои  такмили ихтисоси бозомӯзӣ кушодааст, ки аллакай як зумра кормандони китобхонаҳои давлатӣ- оммавӣ, китобхонаҳои мактабҳои олӣ аз ин курсҳо  гузаштанд ва соҳиби сертификат шуданд.  Инчунин  дар курсҳои мазкур хонандаҳо аз барномаҳои махсуси электронии соҳа, бархурдор мегарданд. Тибқи он барномаҳои таълимие, ки дар китобхонаи миллӣ омода карда шудаанд, пеш аз ҳама, омӯзиши донишҳои компютерӣ, фаъолияти иттилоотӣ- китобдорӣ ва се барномаи дигар, ки аз ҳамин сол оғоз меёбанд, дар ҳаҷми 72 соат омода шудаанд. Мо талош меварзем, ки  кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз ин курсҳо бархурдор гарданд.

«Ховар»: Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҷиҳати бозомӯзии кадрҳои соҳаи китобдорӣ соли 2018 чӣ тадбир меандешад?

Г. Маҳмудов: Воқен ҳам  супоришҳои Пешвои миллат моро вазифадор мекунанд, ки дар самти бартараф сохтани мушкилоти кадрии соҳа корҳои зиёдро ба сомон расонем.

Китобхонаи миллӣ иқдомеро ният дорад, ки дар назди  маркази такмили ихтисоси китобхона курси дусолаи ғоибонаи олӣ барои он кормандони китобхонаҳо, ки маълумоти ғайритахассусӣ доранд, ифтитоҳ намояд. Ин таҷриба дар китобхонаҳои миллии собиқ давлатҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекунад. Бо ҳамин роҳ мо метавонем камбудию норасоии мутахассисони соҳаро то андозае бартараф намоем.

Дар маҷмӯъ масъалаи омода намудани мутахассисони лаёқатманди соҳаи китобдорӣ дар шароити кунунӣ воқеан омили муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро  баланд бардоштани касбияти китобдорон дар шароити босуръат  зиёд шудани иттилоот, тайёр намудани  мутахассисони касбии ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст. Мушкилоте, ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, саривақтӣ ва мубрам мебошад.

 

Февраль 3, 2018 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ