«Барқи тоҷик» беш аз 15 млрд кВт.соат энергияи барқ истеҳсол намуд

Февраль 14, 2018 16:02

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» соли сипаригардида беш аз 15 млрд кВт.соат энергияи барқ истеҳсол намуд. Бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои бахши энергетикии мамлакат раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон аз дастовардҳои назарраси ин соҳа иттилоъ дод.

Мирзо Исмоилзода иброз дошт, ки соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 15 млрд. 359,1 млн. кВт-соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 955,8 млн. кВт-соат зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли энергияи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 980,9 млн.кВт.соат баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 380,8 млн. кВт-соат афзоиш ёфтааст.

М.Исмоилзода иброз дошт, ки имрӯз яке аз проблемаҳои асосии соҳа, ки ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро ба таш­виш овардааст, ин дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағ аз тарафи баъзе истифодабарандагони азими ҷумҳурӣ мебошад. «Новобаста ба дастгириҳои соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2010 то ин ҷониб нисбат ба онҳо тарифи имтиёзнок татбиқ шуда истодааст, соли 2017 корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пардохти маблағи барқро ҳа­магӣ дар сатҳи 2,7% таъмин намуданд».

Зикр гардид, ки дар 7 соли татбиқ гардидани тарифҳои имтиёзнок барои насосҳои обкашӣ даромади молӣ ба маблағи зиёда аз 980 млн. сомонӣ кам гардида, ба вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» таъсири манфӣ расонида ис­тодааст.

Зикр шуд, ки бо мақсади рӯёнидани қарзҳои дебиторӣ Ширкати «Барқи Тоҷик» соли 2017 ба 2450 нафар муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 173,2 млн. сомонӣ иддао пешниҳод на­муд, ки аз ин маблағ 49,8 млн.сомонӣ, ё ин ки 28,8%-и маб­лағи пешниҳодшуда ба суратҳисоби Ширкат ворид шу­дааст.

 

Февраль 14, 2018 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар