Беш аз 70% экосистемаҳои кӯҳии табиии муҳити зист ва гуногунии биологии Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд
ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар робита ба гуногунии биологӣ мавқеи хосса ишғол намуда, беш аз 70% экосистемаҳои кӯҳии табиии муҳити зист ва гуногунии биологӣ аз кишвари мо маншаъ мегиранд. Ин матлабро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар машварате, ки имрӯз дар Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Гуногунӣ ва бехатарии биологӣ» доир гардид, баён дошт.
Машварати мазкур дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он вакилони Парлумон, намояндагони идораҳои масъул ва олимони соҳа иштирок доштанд. Таъкид шуд, ки олимони набототшиноси тоҷик дар ҳудуди мамлакат беш аз 23 ҳазор намудҳои набототу ҳайвонотро маълум намудаанд, ки ин захираи бойи генетикии мамлакат ба шумор рафта, асоси ба даст овардани маводи ғизоӣ, истеъмолӣ ва табобатии мардум мебошад.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳифзи гуногунии биологиро дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ҳалли проблемаҳои экологӣ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳми арзанда мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 1997 аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, протоколҳои Картахен доир ба бехатарии биологӣ ва Нагоя доир ба дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ мебошад. Дар асоси талаботи Конвенсияи СММ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ ба такмили заминаи ҳуқуқӣ, ташаккули таҳкурсии институтсионалӣ, амалӣ, таълимӣ ва омӯзишӣ барои тақвияти муносибати бисёрҷониба ва самарабахш дар ҳалли масъалаҳои экологии ҷаҳонӣ ва миллӣ равона гардидааст. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи бехатарии биологӣ», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ барои солҳои 2014-2020 қабул шудаанд, ки барои ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар сатҳи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






