ДАҲ БУРҲОНИ ҚОТЕЪ, Ё худ чаро Тоҷикистон бояд соли 2018 дар феҳристи сайёҳони хориҷӣ қарор гирад

Февраль 2, 2018 08:01

ДУШАНБЕ, 02.02.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистон бо табиати нотакрору дилфиреб ва мероси бою қадимии таърихиву фарҳангии худ таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро беш аз пеш ҷалб менамояд. Сол аз сол шумораи зиёди сайёҳон ба мамлакати мо меоянд.

Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ имкониятҳои беҳтарин ва бештаринро барои рушди соҳаи сайёҳӣ соҳиб гашт ва мувофиқи иттилои расонаҳои иттилоотии маъруфи олам дар бозори сайёҳии ҷаҳон мавқеи намоён касб намуда истодааст.

АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи далелҳоеро тартиб доданд, ки тибқи онҳо сайёҳони хориҷиро мебояд лоақал боре дар умри худ  аз Тоҷикистон дидан намоянд.  Даҳ далели сотеъ ё даҳ бурҳони қотеъ, ки  шаҳрвандони хориҷиро вомедоранд барои гузаронидани таътил ва ё рӯзҳои истироҳати худ озими Тоҷикистон  бишаванд.  Инак, он даҳ далоил:

1. Дар Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дарки аҳамияти аввалиндараҷаи ин бахш дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ равшан ифода ёфтааст. Дар робита ба рушди ин соҳа, дар мамлакат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз ҷониби Сарвари давлат соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2015-2020 татбиқ мешавад. Чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла, симпозиумҳо, фестивалҳо, озмунҳо, намоишҳо, сафарҳои ҳунарии театрҳои маъруф ва ситораҳои эстрадаи ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд. Дар соли 2018 баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ, Форуми байналмилалии сайёҳӣ ва бори нахуст Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон — сарзамини сайёҳӣ” бо ҷалби ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Симпозиум ва Намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Наврӯз- мероси фарҳангии сайёҳӣ”, фестивалҳои фарҳангиву сайёҳии “Марҳамат ба Хатлон!”, “Суғди бостон”, “Марҳамат ба водии Рашт!”, “Боми ҷаҳон”, “Таомҳои миллӣ” ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамчунин сомонаи миллии сайёҳӣ (www.traveltajikistan.tj) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ кушода шуд, ки дар оянда бо забонҳои немисӣ, франсузӣ, испанӣ, арабӣ ва чинӣ баргардон хоҳад шуд.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ иншооти зиёди сайёҳӣ, ба монанди Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафеддара», истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва хонаҳои истироҳатии «Гулобод», «Зайрон», «Ёс», «Куран», «Пули сангин», «Баҳористон», «СПА Ҳаёт», «Аква Клуб», «Сатурн», «Кохи Малика» ва як зумра меҳмонхонаҳои панҷситорадори бренди ҷаҳонӣ бунёд гардида, як қатор иншооти дигари соҳа, аз қабили «Зумрад», «Авис-сити», «Ҳавотоғ», «Хоҷа Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ» ва ғайраҳо таҷдид гардиданд. Илова бар ин, муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мамлакати мо меоянд, ба 10 рӯзи корӣ тамдид карда шуд.

2. Маҷаллаи сайёҳии бритонии «Вандерласт» («Wanderlast») соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари беҳтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард. Дар гузориши шабакаи телевизионии «МИР-24» дар ин бора чунин гуфта шуда буд: «Машғул шудан бо паридан аз парашют, кӯҳнавардӣ, рафтинг дар об ва хӯрдани оши палави маъруф – феҳристи аксар ҷаззобиятҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо метавонад сайёҳонро ҷалб созад. Тоҷикистон ягона давлати ИДМ мебошад, ки ба феҳристи 10 мамлакати ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон шомил шуд. Нархҳои арзон ва минтақаҳои хушманзара ба ин ҷумҳурии Осиёи Миёна имкон доданд, ки аз Гренландия, Судон ва Муғулистон пеш гузарад.

Ба ҳисоби миёна ҳар як сайёҳ зимни сафар ба Тоҷикистон то 500 доллари ИМА сарф мекунад. Намудҳои истироҳат интихобианд: сайди аккосӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг. Вақтҳои охир одамон аксаран мехоҳанд бо фарҳанги асили тоҷикӣ шинос шаванд ва бинобар ин ба деҳаҳову маҳаллаҳо сафар менамоянд…».

3. Соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии «Глоб Спотс» («Globe Spots») ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин барои сайёҳони саргузаштӣ ворид шуд. Шабакаи мазкур зикр намуд, ки «манзараҳо ҳайратбахшона гуногунанд, ки дар ҳар қадам шуморо дар тааҷҷуб мегузоранд». Дар маводи сомонаи мазкур инчунин гуфта мешуд, ки «асосан сайёҳон аз водии Зарафшон ва инчунин аз кӯҳҳои Помир дидан менамоянд. Балҷувон, Ромит ва Варзоб онҳоро барои истироҳати фарҳангӣ ҷалб менамоянд. Сокинони ин ноҳияҳо метавонанд озодона сайёҳонро бидуни кумаки кормандони ширкатҳои сайёҳӣ қабул намоянд.

Яъне, ҳамзамон таҷрибаи «меҳмонхонаи хонагӣ» /«ҳоум стей» — «home stay»/ роҳандозӣ мешавад. Бо ин роҳ сокинони ин минтақаҳо метавонанд даромад ба даст оранд ва сайёҳон харҷи кам намоянд. Ҳоло дар Бадахшони кӯҳӣ дар баробари меҳмонхонаҳои муосир даҳҳо меҳмонхонаҳои хонагӣ низ мавриди истифода қарор доранд. Азбаски аксарияти аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, туризми экологӣ низ муҳим ба шумор меравад. Тоҷикистон дорои имконияти хуби пешниҳод намудани ҷойҳои нодир, аз ҷумла, мамнуъгоҳҳо, кӯли Сарез ва муқаддасоти исломӣ мебошад.

4. Нашри русии маҷаллаи маъруфи «Нешнл Ҷеографик» («National Geographic») соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил кард. Маҷаллаи мазкур рӯйхати 10 роҳи мошингарди зеботарини дунёро тартиб дода, ба он роҳеро, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва шаҳри Ӯши Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад, дохил кард. «Сайёҳонро ҳамеша ҷойҳое бо ишораи «тарин-тарин» ҷалб менамоянд».

Шоҳроҳи Помир яке аз чунин шоҳроҳҳо мебошад. Он баландтарин роҳ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Қисмати зиёди шоҳроҳи Помир тавассути қаламрави Тоҷикистон мегузарад, ки пойтахти ҷумҳуриро бо маркази Бадахшони Кӯҳӣ мепайвандад. «Қариб ки тамоми роҳи мошингард аз теғаи кӯҳҳои Помир ва се ағбаи асосӣ: Талдиқ(3615м ), Қизил-Арт (4280м) ва ағбаи аз ҳама наздик ба «Боми ҷаҳон» ағбаи Оқ байтал (4655) мегузарад», — зикр намуданд дар «Нешнл Ҷеографик». Роҳе, ки шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ (ҳарду Тоҷикистон) ва Ӯши Қирғизистонро мепайвандад, дар ин феҳрист мақоми дуюмро соҳиб гашт. Ҳамчунин ба рӯйхати 10 шоҳроҳи зеботарини ҷаҳон инҳо дохил шуданд: дараи Вердон (Франсия), Далтон-Хайвей (ИМА), роҳи сангфаршшудаи Трансфэгэраш (Руминия), ағбаи Чуйс( Россия), роҳи Атлантика (Норвегия), роҳи дарвозаҳои калон (Чин), роҳи 40 (Аргентина), доираи калон (ИМА) ва Шоҳроҳи бузурги уқёнусӣ (Австралия).

5. Солҳои 2016 ва 2017 кӯҳҳои Помир ба рӯйхати 100 макони зеботарин ва устувор барои сайёҳӣ дар ҷаҳон (Sustainable Destinations TOP 100) шомил шуданд. Ногуфта намонад, ки дар феҳристҳои қаблии созмони байналмилалии «Sustainable Destinations TOP 100» дигар маконҳои ВМКБ – водии Вахон ва дараи Бартанг низ шомил шуда буданд. Тибқи феҳристи ғолибони рейтинг, аз миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар озмуни мазкур танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омад.

Ҳамин тариқ, Помири Тоҷикистон бо маконҳои алоҳидаи сайёҳӣ маротибаи сеюм ба рӯйхати 100 макони зеботарин ва устувор барои сайёҳии ҷаҳонӣ шомил гардид.

6. Тоҷикистон дар даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ҷой карда шуд. Нашрияи «Зе Индепендент» («The Independent») соли 2015 пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо яке аз 10 шаҳри беҳтарини ҷаҳон аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Аз рӯи натиҷаи пурсиши ин нашрия, ки миёни 142 ҳазор сокинони 141 кишвари ҷаҳон гузаронд, рейтинги кишварҳои амнтари ҷаҳон оид ба сайругашти шабона тартиб дода шуд.

Тоҷикистон дар ин рейтинг мақоми ҳаштумро касб кард. Ба даҳгонаи он инчунин  Сингапур, Гонконг, Норвегия, Испания, Руанда, Индонезия, Словения, Арманистон ва Австрия шомил шуданд.

7. Аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳуриест, ки сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад. Ба ҳисоби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, соли 2010 ба ҳисоби миёна, ҳар як шаҳрванди хориҷии ба Тоҷикистон омада дар инҷо 500 доллари ИМА харҷ кардааст. Дар маҷмӯъ, соли 2010 сайёҳони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 миллион доллар сарф кардаанд. Сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими симои давлат ҳамчун маркази баргузории ҷаласаву чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, умуман ба нишондиҳандаҳои назаррас дар ҳамаи самтҳо (дохилӣ, омадан ва рафтан)-и сайёҳӣ таъсири мусбат расонданд.

Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки соли 2008 ба ҷумҳурӣ ворид шуданд, дар муқоиса бо 200 000 нафари соли 2005 аз 400 000 нафар зиёд буд. Афзоиш беш аз 100%-ро ташкил дод. Мутаносибан, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бо мақсади саёҳат (тавассути ташкилотҳои сайёҳӣ) ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, соли 2008 20 ҳазору  851 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда соли 2003 ба 11 519 нафар баробар буд. Афзоиш 81%-ро ташкил дод. Сайёҳии дохилӣ соли 2008 ба 1 млн. 53 нафар расид, ки афзоиши он нисбат ба соли 2003 ду баробар зиёд аст.

8. Маҷаллаи сайёҳии бритонии «Вандерлас» («Wanderlus») соли 2017 Тоҷикистонро аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводид, аз ҷумла, раводиди сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешрафтаи ҷаҳон шомил намуд. Тоҷикистон мавқеи чорумро ишғол кард. Дар аввали раддабандӣ Озарбойҷон ва пас аз он Камбоҷа, Шри-Ланка, Тоҷикистон ва Ветнам қарор гирифтаанд. Муаллифони рейтинг зикр намудаанд, ки Тоҷикистон соли 2016 низоми электронии раводидро ҷорӣ кард ва феълан барои гирифтани раводиди сафар танҳо пешниҳоди нусхаи шиноснома кофӣ мебошад. Раводид дар давоми аз 1 то 3 рӯз дода мешавад. Танҳо лозим аст, ки раводидро чоп намуд ва ҳангоми сафар бо худ гирифт. «Сода ва осон, ҳамин тавр бояд бошад», — зикр шудааст дар маводи «Wanderlust travel».

Бояд зикр кард, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол қабл дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи рушди сайёҳӣ изҳори андеша намуда, ёдовар шуданд, ки «тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, соли 2016 шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шуд, ки ба бештар шудани ҷуғрофияи сайёҳон аз 109 то ба 146 кишвар мусоидат намуд.

9. Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуд. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мавқеи 7-умро ишғол намуд. Маврид ба зикр аст, ки бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳо ва иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои ҷумҳурӣ ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардида истодааст.

Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» ҷамъияти сайёҳиест, ки тасмим дорад ин гуна сафарҳоро идома дода, ҷуғрофияи давлатҳои тавсиявиро барои саёҳат дар соли 2018 васеъ намояд.

Саёҳати пиёдагардӣ яке аз намудҳои саёҳати нисбатан арзон буда, фарогири истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳои арзон (ҳостелҳо) барои будубоши тӯлонитар мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар самти содагардонии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус сайёҳон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти назаррас гузаронида шудааст. Аз ҷумла, низоми раводиди электронӣ, ки аз соли 2016 ҷорӣ гардид, ба он мусоидат намуд, ки ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон аз 109 давлат то ба 146 давлат васеъ карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2017 ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат супориш доданд, ки муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ то 10 рӯз тамдид карда шавад. Ин иқдоми Пешвои миллат ниҳоят саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамониати сайёҳону меҳмонони хориҷӣ, инчунин ҷалби бештари сайёҳон ба ҷумҳурии мо такони хуб хоҳад бахшид.

10. Моҳи январи соли 2018 Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амнтарин арзёбӣ карда, ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки ба ин мамлакат сафар кунанд. Ин ниҳоди сиёсати хориҷии Амрико  тавсияҳои сайёҳии навро барои сайёҳони амрикоӣ дар сомонаи расмии худ (www.state.gov) нашр кард. Ҳамаи кишварҳо аз рӯи сатҳи бехатарӣ ба чор гурӯҳ раддабандӣ шудаанд. Ҳамин тавр, ба гурӯҳи аввал кишварҳое, ки сафар ба онҳо камхатар аст (яъне, амнтарин) шомиланд, ба гурӯҳи чорум  кишварҳое шомиланд, ки сафар ба онҳо тамоман тавсия дода намешавад. Илова бар ин, мақомоти Амрико хатарҳои нисбатан аёнро дар ин ё он кишвар нишон додаанд: терроризм, ҷинояткорӣ, ошӯбҳои шаҳрвандӣ, офатҳои табиӣ, мушкилот дар соҳаи тандурустӣ ва ғ.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон ба гурӯҳи аввал-ба рӯйхати мамлакатҳои амнтарин барои сайёҳони ҷаҳон шомил гардид. Бино ба арзёбии Департаменти давлатӣ, ба сайёҳон дар ин давлат ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад.

Тибқи раддабандии мазкур, Тоҷикистон аз нигоҳи бехатарӣ миёни 12 кишвари ИДМ (пас аз Арманистон, Гурҷистон ва Қазоқистон) ҷойи чорумро ишғол мекунад.

 

Февраль 2, 2018 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АРЗАНДАТАРИН НЕЪМАТ ВА БУЗУРГТАРИН САРМОЯ. Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
Дастаи вилояти Хатлон дар Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни мардон сазоворӣ ҷойи аввал гардид
Дар Норак Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Нақши воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ин мавзуъ конференсия доир гардид
Дар Душанбе Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» муаррифӣ гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУНОДИИ АСИЛИ ВАҲДАТ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ва конфронс доир шуд
Дар Бохтар амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд
КАМЕРАҲОИ ХУДКОРИ ДУШАНБЕ. Марҳилаи аввали сабти қоидавайронкуниҳо оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт оғоз гардид
Корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» вусъат меёбанд
«Маркази омӯзиши масъалаҳои модернизатсияи Чин — Тоҷикистон» таъсис дода мешавад
То 26 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад