Дар Душанбе омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи Модар оғоз гардиданд

Февраль 28, 2018 16:51

ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018  ва  ҷашни Рӯзи Модар тасдиқ  гардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  тибқи қарорҳои мазкур  роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  вазифадор гардиданд, ки иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд.

Мавриди зикр аст, ки  нақшаи чорабиниҳои мазкур    ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати  хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои ғании шаҳри Душанбе, дар  сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар-8 март дар пойтахт  ва таҳкиму арҷгузорӣ ба мақому манзалати модар  роҳандозӣ мегарданд.

Дар  нақшаи чорабиниҳо баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  бахшида ба  ҷашнҳои мазкур   дар назар дошта шудааст.

 

Февраль 28, 2018 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад