Дар Душанбе сохтмони боз як чорсӯи нақлиётии сесатҳа оғоз мегардад

Февраль 22, 2018 10:13

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26  феврали соли 2018   дар  буриши ҳалқаи  хиёбони  И.Сомонӣ  бо хиёбони  А.Сино,  дар буриши хиёбону кӯчаҳои И.Сомонӣ, А.Сино, Н.Махсум, Баҳоваддинов  ва Маяковскийи ноҳияи Сино  (сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов) бо назардошти шурӯъ гардидани  корҳои сохтмони  чорсӯи  нақлиётии сесатҳа  ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан манъ карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе  ба тасвиб расида,  тибқи он  МДК «Душанбенақлиётхизматрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҳаракат ва танзими оқилонаи нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётро дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат  ба роҳ монанд.

Ҳамчунин аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шуд, ки якҷо бо Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо ва  шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани  аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин намуда, баҳри танзими ҳаракати  мунтазами онҳо роҳҳои ҳамшафати хиёбону кӯчаҳои  мазкурро  тибқи  тартиби муқарраргардида ба низоми муайян дароранд.

Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати сари вақт кӯчонидани хатҳои мавҷудаи муҳандисии зери иншооти зикршуда ба фармоишгар — Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Февраль 22, 2018 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд