Дар раддабандии самбочиёни маъруфи ҷаҳон Беҳруз Хоҷазода мақоми дуюмро ишғол намуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ҷамъбасти соли 2017 Федератсияи байналмилалии самбо дар сомонааш раддабандии самбочиёни маъруфи ҷаҳонро нашр намуд. Дар он варзишгари тоҷик Беҳруз Хоҷазода дар вазни то 74 кг мақоми дуюмро ишғол намудааст.
Ҳамчунин дар ин раддабандӣ номи варзишгарони дигари тоҷик, ки ба самбо машғуланд, зикр шудааст. Тибқи ин раддабандӣ Мубориз Мунавваров бо 1120 имтиёз мақоми панҷум ва Ҳамроз Раҷабов бо 550 имтиёз мақоми 16-умро ишғол намудаанд.
Дар вазни 52 килограмм Ҳасан Ҷомӣ бо 940 имтиёз мақоми шашум ва Хуршед Шоимов бо 80 имтиёз мақоми 48-умро сазовор гардидаанд.
Ҳамчунин дар вазни 57 кг Акмалиддин Каримов бо гирифтани 2100 имтиёз сазовори ҷои аввал шуда, Акмал Давлатов ва Суҳроб Исматов бо 40-имтиёзӣ мақоми 93-юмро гирифтаанд.
Тавре аз Раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сол то сол варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд.
13 ноябри соли 2017 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари тоҷик Беҳруз Хоҷазода дар вазни 74 кг бо гирифтани медали тиллоӣ чемпиони ҷаҳон шуд, ки ин нишондод дар намуди варзиши самбо қуллаи баландтарин ба шумор меравад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои сатҳи осиёиву ҷаҳонӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоён ишғол менамоянд, ки ба ифтихорашон парчами Тоҷикистон парафшон ва суруди миллӣ садо медиҳад.
Соли 2017 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 425 медал ворид намуданд, ки аз он 121 адад медали тилло, 116-то нуқра ва 188 адад медали биринҷӣ мебошанд. Натиҷаҳои ба дастовардаи варзишгарон соли гузашта хеле назаррас буда, нисбат ба соли 2016 177 медал зиёд мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






