Дар шимоли Афғонистон бар асари тирпарронӣ фармондеҳи асосии «Толибон» кушта шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе дар вулусволии Дашти Арчии музофоти Қундузи Афғонистон бар асари бархӯрди низомиён бо ҷангиёни ҳаракати «Толибон» /мамнӯъ дар Тоҷикистон/ се нафар ифротиён, аз ҷумла, фармондеҳи асосии онҳо Мулло Абдулло кушта шуданд. Дар ин бора агентии «Синхуа»-и Чин бо истинод ба изҳороти сардори вулусволии Дашти Арчӣ Насруддин Назарӣ хабар медиҳад.
«Гурӯҳи ҷангиёни «Толибон» зери роҳбарии Мулло Абдулло субҳи рӯзи чоршанбе ба нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии артиши миллӣ дар вулусволии Дашти Арчӣ ҳамла карданд. Низомиён ба онҳо оташи ҷавобӣ доданд. Зимни тирпарронӣ Мулло Абдулло ва ду нафар ҷангиёни дигар кушта шуданд. Ҳамчунин ду нафар ҷангиён маҷрӯҳ гардиданд», — изҳор дошт Насруддин Назарӣ.
Ба тасдиқи ӯ, зимни тирпарронӣ миёни низомиён ва сокинони осоишта касе осеб надидааст.
Насруддин Назарӣ ҳамчунин афзуд, ки Мулло Абдулло яке аз фармондеҳони асосии «Толибон» буд ва маҳв гардидани ӯ метавонад барои ифротиён дар музофоти Қундуз зарбаи ҷиддӣ гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






