ФУТБОЛ: дастаи «Хуҷанд» бозии ҷавобиро дар майдони худ баргузор мекунад

Февраль 19, 2018 09:41

ДУШАНБЕ, 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО- 2018 бозии ҷавобии худро бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон 20 феврал дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мекунад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 13 феврал дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО- 2018 бозии аввалини худро бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дар сафар анҷом дод. Бозӣ хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 бар нафъи соҳибони майдон ба анҷом расид. Ягона голи ин дидорро дар дақиқаи 18-уми бозӣ Мурат Анаев тавассути зарбаи ҷаримавии 11- метра ба ҳадаф расонид.

Акнун ба дастаи футболи «Хуҷанд» дар бозии ҷавобӣ танҳо ғалаба бо фарқияти ду тӯб имкони иштирок дар марҳилаи гурӯҳиро фароҳам меоварад.

Ёдовар мешавем, ки ба ин гурӯҳ дастаҳои «Алай»-и Қирғизистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон шомил мебошанд. Дар сурати ғалабаи дастаи «Хуҷанд» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 2 даста ба сабқатҳои гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд.

Февраль 19, 2018 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад