Футбол: рақиби дастаи «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2018 муайян гардид

Февраль 2, 2018 10:17

ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рақиби дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд-дорандаи медали нуқраи Чемпионати  Тоҷикистон дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи   «Аҳал»-и Балканобод, дорандаи медали  нуқраи Чемпионати футболи Туркманистон гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии аввали дастаи футболи   «Хуҷанд»-и  Тоҷикистон дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 бо  дастаи «Аҳал»-и Туркманистон   13 феврал дар Балканобод барпо мегардад.

Бозии ҷавобии ин дастаҳо   20 феврал дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри  Хуҷанд баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби ин ҷуфт ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон  рақобат мекунад.

 

 

Февраль 2, 2018 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад