ФУТЗАЛ: ҳафт голи беҷавоби дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи Кореяи Ҷанубӣ
ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар даври финалии Чемпионати Осиё-2018 дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи худ се бозӣ гузаронд ва бо ду мағлубият рӯбару шуда, як ғалаба ба даст овард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чемпионати Осиё, ки аз 1 феврал шурӯъ шуда, то 11 феврал идома меёбад, Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо дастаҳои Япония (1 феврал), Ӯзбекистон (3 феврал) ва Кореяи Ҷанубӣ (5 феврал) бозӣ кард.
Бозии якуми даста бо дастаи Япония бо натиҷаи 2:4 анҷом ёфт. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ва Некрӯз Алимаҳмадов ба ҳадаф расониданд. Дар бозии дуюм бо дастаи Ӯзбекистон низ чунин ҳисоб ба қайд гирифта шуд, ки муаллифи голҳои дастаи мо Умед Кузиев ва Дилшод Саломов буданд. Шогирдони Ҳусейн Шодиев баъди ин шикастҳо имкони ба даври дигар гузаштанро аз даст доданд, аммо дар бозии охир ба мухлисон хурсандӣ бахшиданд.
Футзалчиёни тоҷик ба дарвозаи дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ҳафт голи беҷавоб заданд. Голҳоро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов, Рустам Ҳамидов, Иқболи Воситзода ба ҳадаф расонданд. Ҳунари олии дарвозабон Муродулло Алиқулов буд, ки ҳарифон натавонистанд ба дарвозаи ӯ гол бизанад.
Дар ин гурӯҳ Япония бо се ғалаба (бо Тоҷикистон 4:2, бо Корея 5:2 ва бо Ӯзбекистон 4:2) дар садри ҷадвал аст. Ӯзбекистон бо ду ғалаба (бо Корея 13:2, бо Тоҷикистон 4:2) ва як шикаст (бо Япония 2:4) дар ҷойи дуюм аст. Тоҷикистон бо як ғалаба дар зинаи сеюм монд, ки имкони ба даври дигар гузаштан надорад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Япония дар даври дигар бо дастаи ҷойи дуюми гурӯҳи «А» ва Ӯзбекистон бо ғолиби ин гурӯҳ бозӣ мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






