«Истиқлол» бори чорум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

Февраль 16, 2018 09:13

ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бори чорум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастаи «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки 15 феврал баргузор шуд, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Ҳамин тавр дастаи «Истиқлол» маротибаи чорум Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Бозингарони дастаи «Панҷшер» барои ҷойи сеюм дастаи ССКА «Помир»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Февраль 16, 2018 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад