Либоси миллии Меҳрнигор дар Озмуни байналмилалии «Rising Star» ҳунармандони Болливудро ба ваҷд овард
ДУШАНБЕ, 10.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарояндаи ҷавону шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам дар Ҷумҳурии Ҳиндустон бо таронаи машҳури «Хатуба» аз филми ҳиндии «Алибобо ва 40 роҳзан» ҳунарнамоӣ намуда, ба даври сеюми озмуни таронаву оҳанги «Rising Star» роҳ ёфт. Ҳунарнамоии Меҳрнигорро тавассути шабакаи телевизионии сербинандатарини кишвари Ҳиндустон «Colors TV» даҳҳо миллион нафар тамошо карданд ва ба ҷонибдорияш раъй доданд. Ҳунарнамоии ин сарояндаи ҷавон дар озмуни «Rising Star» — сабқати овозхонҳои ҷавони Ҳиндустон ҳам ҳайати ҳакамон ва ҳам тамошобинони ҳиндиро ба ваҷд овард. Бояд тазаккур дод, ки Меҳрнигор аз ду даври озмун гузашта, акнун ба даври навбатии он, ки моҳи апрели соли равон дар Ҳиндустон доир мешавад, омодагӣ мебинад. Имрӯз, баъди бозгашт аз Ҳиндустон Меҳрнигори Рустам меҳмони АМИТ «Ховар» шуда, роҷеъ ба иштирокаш дар ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Меҳрнигор, сараввал мегуфтед, ки ин чӣ гуна озмун буд ва Шумо чӣ тавр ба он роҳ ёфтед?
Меҳрнигори Рустам: Як рӯз ман ба шабакаи иҷтимоии Instagram ворид шуда, дар он бо эълони озмуни «Rising Star”-и Ҳиндустон ошно шудам. Фаҳмидам, ки озмун рӯзҳои наздик баргузор мегаштааст. Ман фавран бо яке аз дӯстонам- сарояндаи ҳиндӣ Роҳан Прӣ, ки дар Ҳиндустон зиндагӣ мекунад, тамос гирифта, аз ӯ дар бораи ин озмуни байналмилалӣ ва шартҳои иштирок дар он пурсон шудам. Ӯ иштироки маро дар озмуни «Rising Star” дастгирӣ намуда, маро дар он номнавис намуд. Бояд бигӯям, ки ин озмун маҳз барои сарояндагон ва довталабони ҳинду баргузор мегашт.
АМИТ «Ховар»: Сафаратон ба ин кишвари афсонавӣ аз куҷо шуруъ шуд?
Меҳрнигори Рустам: Аз Чандигарх. Дар ҷо сарояндагону ҳунармандоне, ки ҷамъ омада буданд, дар ҳайрат афтоданд, ки чӣ хел як нафар духтари тоҷик бо забони ҳиндӣ суруд мехонад ва озод суҳбат мекунад.
АМИТ «Ховар»: Шумо дар даври чандуми ин озмун бо суруди «Хатуба» — аз кинофилми машҳури «Алибобо ва чил роҳзан» иштирок кардед?
Меҳрнигори Рустам: Ман дар даври дуюми ин озмун иштирок намудам ва он дар Чанднгарх буд. Сипас ба даври дуюм, ки он дар Мумбай сурат гирифт, роҳхат гирифтам ва он ҳамон лаҳзаҳо мустақиман тариқи телевизиони «Colors TV»- и Ҳиндустон пахш гардид ва ҳамзамон ба иштирокчиён тавассути смс- паёмакҳо раъй дода мешуд.
АМИТ «Ховар»: Боз кадом сурудҳои дигари ҳиндиро хондед?
Меҳрнигори Рустам: Ростӣ, сурудҳои хондаи ман зиёд буданд, вале ба ҳакамони озмун нисбат ба дигар сурудҳоям бештар ҳамин суруди таърихӣ, яъне «Хатуба» маъқул афтод ва тавсия доданд, ки ман онро бисароям.
АМИТ «Ховар»: Калимаи «хатуба» чӣ маънӣ дорад?
Меҳрнигори Рустам: Дар он ҷо ман суол додам, баъзеҳо гуфтанд «модар», дигарҳо гуфтанд «май». Мисли калимаи «ҳинду», ки ҳам номи халқ ва забонро ифода мекунад, ҳам ба маънии «ғулом» истифода мешавад ва ҳам ба маънии «холи сиёҳ». Калимаҳое чунин дар забони тоҷикии мо низ ҳастанд, ки чанд маънӣ доранд.
АМИТ «Ховар»: Умуман дар бораи чист ин суруд? Чанд мисраашро бе мусиқӣ ҳоло хонда, маънидод карда метавонед?
Меҳрнигори Рустам: Бале. Масалан дар суруд чунин мисраҳо ҳастанд «Китне деване мере, Итне дивану ме се киски бану май меҳбоба, Воҳ каун хай ҷиски май ху дивани. Оҳо хейр воҳ яхи воҳ санам мера дил джани . Ту хай, воҳ ту хай…».
АМИТ «Ховар»: Яъне чӣ?
Меҳрнигори Рустам: Маънии ин мисраҳо тақрибан чунин аст: «Оҳ чӣ зиёданд дилбохтагон! Вале аз миёни онҳо қисмати ман бо кӣ хоҳад буд? Ӯ ин ҷо ҳозир аст? Ин туӣ? Не. Ин туӣ? Не».
АМИТ «Ховар»: Аҷиб. Ба ин озмун фақат сурудҳои ҳиндӣ роҳ меёбанд ва ё Шумо ба мардуми Ҳиндустон ягон суруди тоҷикӣ ҳам пешниҳод кардед?
Меҳрнигори Рустам: Бале, ба озмун фақат сурудҳои ҳиндӣ пешниҳод карда мешаванд, дар он иштирокчиён ҳуқуқи бо дигар забон суруд хондан надоранд. Вале аз ҷониби ман ба озмун суруди тоҷикӣ ҳам пешниҳод шуд.
АМИТ «Ховар»: Забони ҳиндиро аз куҷо омӯхтед ва бо ровиёну ҳакамони озмун дар телевизион дар бораи кадом мавзӯъ суҳбат доштед?
Меҳрнигори Рустам: Дар озмун аз ман пурсиданд, ки чаро диққати туро ин қадар Болливуд ҷалб мекунад? Дар ҷавоб гуфтам, ки ба ман аз хурдиям Болливуд ва филмҳои ҳиндӣ, ҳунарнамоии актёрҳои ҳиндӣ писанд аст, сурудҳои ҳиндӣ мехонам, онҳоро гӯш мекунам. Барои ин мустақилона кму беш забони ҳиндиро азбар кардаам. Гуфтам, ки дар Тоҷикистони мо мардум филмҳои ҳиндиро зиёд тамошо мекунанд. Онҳо аз ин гуфтаҳои ман хеле ба ваҷд омаданд.
АМИТ «Ховар»: Тавре аз наворҳои видеоӣ мушоҳида мешавад, Шумо бо либоси миллии тоҷикона дар ин озмун суруд мехондед. Лутфан мегуфтед, ки чаро либоси хоси онҳо нею маҳз пироҳани миллиро ба бар кардед? Интихоби либос аз ҷониби кӣ буд?
Меҳрнигори Рустам: Интихоби худам буд. Дар он ҷо ба ман аз ҷониби тарроҳон либоси ҳиндӣ пешниҳод шуда буд, вале ман хостам, ки бо либоси тоҷикӣ ҳунарнамоӣ намоям. Ин пешниҳоди маро онҳо ба хубӣ пазируфтанд, зеро ҳар як миллатро бо либос ва фарҳангу таърихаш мешиносанд. Ҳамзамон бояд илова намоям, ки вақте либоси миллиро дар танам диданд, ҳам тамошобинони озмун ва ҳам ҳайати ҳакамон дар ҳайрат афтоданд, ки чӣ хел ин тоҷикдухтар бо либоси миллии худ дар ин озмун ҳунарнамоӣ мекунад. Хурсанд аз он ҳастам, ки ман дар як озмуни сатҳи байналмилалӣ ҳангоми ҳунарнамоӣ тавонистам либоси миллиамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям.
АМИТ «Ховар»: Даврҳои баъдии ин озмун кай сурат мегиранд?
Меҳрнигори Рустам: Даври баъдии озмуни «Rising Star»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон моҳи апрели соли 2018 баргузор мегардад ва ман, хушбахтона, ба он даъватӣ ҳастам. Натиҷаи озмун ҳамин хел аст, ки дар охир як нафар миёни иштирокчиён унвони беҳтарин сароянда ва Ҷоми озмуни байналмилалии «Rising Star»-ро бояд соҳиб гардад.
АМИТ «Ховар»: Меҳрнигор, оё ҳоло ҳам дар ансамбли «Ориё» фаъолият доред?
Меҳрнигори Рустам: Қариб 5 сол ман дар ансамбли “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекардам. Моҳи декабри соли 2017 шарномаи ман бо кумитаи мазкур қатъ шуд. Дар сурати пайдо шудани фурсат ва имконият ман пайи аз нав бастани шартнома бо ин ансамбл хоҳам шуд.
АМИТ «Ховар»: Ба мухлисони хеш кадом суруди навро пешниҳод карданиед?
Меҳрнигори Рустам: Сурудҳои нави ман зиёданд ва бархе то ба ҳол пахш нашудаанд. Рӯзи 14 феврали соли равон ният дорам, ки суруди «Маҷнун»-ро дар шакли аудио дастраси мухлисон кунам. Мо онро дар шакли клип дар кишвари Дубай сабт намудаем ва бовар дорам писанди мухлисон мегардад.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.
Меҳрнигори Рустам: Сипос.
Файзалӣ НИЁЗОВ,
АМИТ «Ховар»
P.S. Бояд тазаккур дод, ки «Rising Star» як сабқати байналмилалии мусиқист, ки имсол мавсими дуюми он гузаронида шуд.
Суруди «Хатуба» яке аз сурудҳои на танҳо дар Ҳиндустон, балки ҳоло дар тамоми ҷаҳон машҳур аст, ки бори аввал онро тамогарон дар иҷрои ҳунарманди синамо Зиннат Амон дар филми истеҳсоли СССР – Ҳиндустон «Али Бобо ва чил роҳзан» (соли 1979) шунида буданд. Баъдан дар филми дигар Айшвария Рай онро дар шакли такмилёфта ва беҳтар пешниҳод кард, ҳарчанд ба ҳамагон маълум аст, ки дар филмҳои ҳиндӣ аслан сурудҳоро дар паси кадр сарояндагони машҳури эстрада иҷро мекунанд.
Суруди мазкур инчунин дар иҷрои як духтарчаи хурди нобино хеле машҳур гардидааст. Дар Ютюб ин сурудро ҳамчунин дар иҷрои бисёр сарояндагони тоҷику ӯзбек ва русу украин, аз ҷумла сарояндаи мумтози эстрадаи тоҷик Нозияи Кароматулло миллионҳо нафар дар саросари олам дидаю шунида ва писандидаанд.
Меҳрнигори Рустам 14 октябри соли 1994 ба дунё омада, дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нозукиҳои мусиқиро омӯхтааст. Соли 2003 Меҳрнигор, вақте ҳамагӣ 9 сол дошт, Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Чӯҷаи заррин»-ро ба даст оварда буд. Ӯ соли 2005 барандаи ҷашнвораи таронаҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2006 соҳиби ҷои аввал ва медали тиллои Бозиҳои Делфӣ дар Алма-Ато гардид. Ҳамзамон соли 2007, дар 13-солагиаш аллакай ду албоми аввали таронаҳояшро бо номҳои «Тоҷикистон» ва «Шодиёна» нашр кард.