«НБО «РОҒУН» — СОХТМОНИ ПРЕЗИДЕНТӢ». Александр Проханов, ки имрӯз 80-сола шуд, ин майдонро рамзи ғалаба бар қувваи харобиовари ҷанг меҳисобад …

Февраль 26, 2018 15:50

ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 феврали соли 2018  сиёсатмадори маъруфи рус, нависанда, публисист ва журналист Александр  Проханов  80-сола шуд.  Чанде қабл ӯ аз майдони сохтмони НБО «Роғун» дидан карда, пас аз бозгашт ба Москва дар рӯзномаи «Завтра», ки ӯ сармуҳаррири он аст, таҳти унвони  «Парвози Роғун» («Рогунский взлет») мақола нашр намуд.

 Имрӯз, дар рӯзи зодрӯзи Александр Андреевич, мо ин мақоларо бори дигар нашр менамоем.

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон пеши роҳи оби  пуртуғёни дарёи Вахш чандин маротиба тавассути дарғотҳои мустаҳкам  баста шудаанд, ки аз ҳама бузургтаринаш дарғоти НБО «Норак» мебошад. Ин сохтмони замони шӯравӣ бо деворҳои боҳашамати бетонии ба само саркашидааш одамонро ба тааҷҷуб меовард, баҳри сунъӣ ва турбинаҳою роторҳои тарафи дигари он, ки дар заводҳои шӯравӣ сохта шудаанд, ба тамоми Осиёи Миёна қувваи барқ медоданд.

Дар замони таваққуфи фоҷиавии пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвари зебо ҷанг аланга зад, мардумони аз  ин бадбахтӣ ақлбохта ба ҳам дарафтоданд, корхонаҳову ташхисгоҳҳои илмӣ нобуд мешуданд, таҷрибаи гаронарзиши бародарии умумимиллӣ аз даст мерафт…

Имрўз, пас аз ин таваққуфи фоҷиавӣ Тоҷикистон иншооти бузург-НБО «Роғун»-ро бунёд мекунад, ки он аз НБО «Норак» боҳашаматтар ва пуриқтидортар аст. Сарбанди он қуллаҳои кўҳҳои атрофро ба ҳам пайваста, маҷрои Вахшро мебандад, энергияи онро ба қалби кўҳҳо интиқол медиҳад, ҷое, ки таркишҳо садо медиҳанд.  Қатори нотамоми мошинҳои боркаш ҳаракат доранд, мошинҳо қалби кўҳро мешикофанд, дар толори чархаҳо аллакай агрегатҳои олиҷаноб насб шуда истодаанд, ноқилҳо пайваст мешаванд, шишаҳои ҳазорҳо асбоби қиматбаҳо медурахшанд. Кўҳ пур аз садои ғулғула, кафшергарӣ, лаппиши вибраторҳои бетонӣ ва симоҳои зери кулоҳҳои сафед аст. Бо ин нақбҳо гузар карда, касс мақсад ва шаҳомати ин неругоҳро дарк хоҳад кард. Кўшиш хоҳад кард то   бифаҳмад, ки ин нақбҳои сершумор  куҷо мебаранд, тавассути кадомашон об ҷорӣ хоҳад шуд, дар кадомашон ноқилҳо мехобанд, ба воситаи кадомашон ба неругоҳ агрегатҳои нав оварда мешаванд.

Дар ин ҷо тамаддуни то ҳол диданашудаи зеризаминӣ бунёд мегардад! Устураи афсонавие, ки дар маркази Замин мавҷуд будани бузургони рўҳбахшандаи ҷинси мурдаи Заминро тасдиқ мекунад, зинда мегардад.

Ин неругоҳ — самари ниятҳои бузург аст. Он қувваи бузурги ҳаётбахшро дорост.  Вуҷуди об аз  об тармаҳои кўҳии обшаванда, боронҳои сахт, обҳои зеризаминӣ иборат мебошад. Об гоҳе хушк мешавад, гоҳе аз кўҳҳо бо маҷрои сел меояд. Кўҳҳо гоҳ зинашакл боло қад афрохтаанд, гоҳ бо ҷариҳои чуқур тамом мешаванд, аз ларзиши замин  такон мехўранд, онҳо омехтаи маъданҳои мазбут бо ҷамъи реги ларзон ва қабати намак мебошанд.

Ин табиат тавассути шуур дигаргун шудааст, шууре, ки баҳр ва кўҳҳои сунъиро тавлид сохтааст, ба қалби онҳо механизмҳои қимат ворид кардааст, ин табиати бикрро ба мавҷи бузурги неру табдил додааст.

НБО «Роғун» касро бо зебоӣ ва мураккабиаш тасхир мекунад. Ҳазорҳо коргар бо меҳнати шабонарӯзӣ ин зебоӣ ва тавоноиро бунёд мекунанд. Ин неругоҳ на танҳо зебоии табиати дигаргуншуда ва рамзи техносфераи офарандашаванда аст. Балки, ин неругоҳ рамзи ғалаба бар қувваи харобиовари ҷанг, хусумат, шуури бехирадонаи кўршуда аст.

Ин ҷо, дар наздикии Роғун ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оғоз гардида буд, ки Тоҷикистонро баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба комаш кашид. Ин ҷо, дар деҳоти атрофи Роғун исломиҳои мутассиб  ошўб бардоштанд. Дар ин ҷо бародаркушӣ оғоз гардид, хуни аввалин рехт. Дар ин ҷо тўпҳо садо доданду танкҳо ҳаракат карданд. Аз ин ҷо исломиҳои ифротгаро юриши худро ба Душанбе кашиданд, шаҳрҳо ва боғотро сўзониданд, сарбандҳо ва пулҳоро таркониданд.

Ин неругоҳ-рамзи ғалаба, муҷассамаи қаҳрамонони ҳалокшуда, рамзи оштист, ки мардум даҳшати бародаркуширо аз сар гузаронида, ба ҳам омада, иттиҳод карданд. Ин неругоҳ-сохтмони коинотист, лоиҳаи онро муҳандисони бузурги шўравӣ омода намуданд, ҳиссаи худро франсузҳо, итолиёвиҳо ва германиҳо низ гузоштанд. Ин ҷо олот ва мошинҳои Япония, Германия ва Беларус кор мекунанд. Ин ҷо славяниҳо ва осиёиҳо меҳнат доранд ва онро ҳамчун фарзанди дўстдоштаи умумӣ парастиш мекунанд.

Ин неругоҳро тамоми мардуми тоҷик месозанд. На сарватмандон, на ширкатҳои хусусӣ. Ин сохтмони умумихалқист. Сокини дурдасттарин деҳаи кишвар дар он аз ду то даҳ саҳмия дорад, ки онҳоро молики неругоҳ мекунад. Ин кори умумии деринтизор аст, ки сарватманду камбизоат, ҷавону пир, эътиқодманду беэътиқодро муттаҳид месозад. Ин ҳамон меҳнати пуршараф аст, ки дар он халқ беҳбудӣ ва амалӣ шудани орзуҳои наҷиби худро мебинад.

Роҳбарияти нави Ўзбекистон ба далелу бурҳони тоҷикон, ҳисобҳои гидрологҳо ва муҳандисон розӣ шуд, ки обанбори Роғун тамоми обҳои пирях ва боронҳоро ҷамъ мекунад ва дар давраи хушксолӣ бошуурона ва тибқи нақша обҳои зиёдатии онро ба маҷрои рўд равон карда, дигар неругоҳҳоро бо об таъмин месозад. Он инчунин ба заминҳои обёришавандаи ўзбекон расида, имкони обёрӣ намудани ҳазорҳо гектар заминро дорад.

Тибқи ҳисобҳои гидрологҳои тоҷик, қисми обе, ки ба ҷӯйборҳо ва обанборҳои Ӯзбекистон тақсим намешавад, то Қазоқистон ва баҳри азияткашидаи Арал, ки дар пеши чашмҳо хушк мешавад, мерасад ва  онро бо об пур месозад.

НБО «Роғун» сохтмони президентист. Ин неругоҳ фарзанди дўстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон аст ва ў онро ҳамчун хотира аз даврони  роҳбарии худ бунёд мекунад. Ў аз тамоми дунё сохтмончиён ва муҳандисонро ҷамъ  овардааст, буҷаи кишварро ончунон пешбинӣ намудааст, ки барои сохтмони неругоҳи «Роғун» ягон доллар қарзи беруна  сарф нагардад. Ҳама маблағ, ҳама захираҳо тоҷикист, мардуми тоҷик онро ҷамъ оварда,  аз бисёр чизҳои зарурӣ  даст кашидааст, то ин неругоҳи беназирро бисозад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон пешвои маънавӣ ва сиёсиест, ки миёни даргириҳо ва ҷанги шаҳрвандии бародаркуш ба майдони сиёсат омада, пеши роҳи ин ҷангро гирифт, кишварро аз вартаи пора-пора шудан аз дасти ифротиёни ақлбохта наҷот дод. Ў  мисли ғолибе, ки  пайи қассос мешавад, рафтор накард, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттаҳид сохт, пойтахти он-Душанберо ба шаҳри дорои биноҳои тасхиркунанда, донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва осорхонаҳо табдил дод.

Дар замони роҳбарии ў тирпаррониҳо қатъ шуданд, ў дастур дод, ки боғҳо бунёд гарданд, заминҳои холии наздикўҳиро ба ангурзор, себзор ва гелосзор табдил доданд. Ў дар кишвар роҳҳои олиҷаноб бунёд намуд, дар дили кўҳҳо нақбҳо канд, то тамоми минтақаҳои дурдасти Тоҷикистонро, ки дар давраи тирамоҳу зимистон аз резиши зиёди барф ва фаромадани тарма то ним сол аз марказ канда буданд, бо ҳам бипайвандад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон  Артиши Тоҷикистонро таъсис дод, ки бо неруҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва пойгоҳи низомии 201-и Россия дар Тоҷикистон ба сарҳадшикании ҷангиёни ДИИШ садд мешавад ва на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Миёнаро, ки ифротиён ба он чашм ало кардаанд ва нияти ба ҷанги хунин афкандани Тоҷикистонро доранд, эмин медорад.

Сохтмони Роғун-ин амалӣ шудани орзуҳои тоҷикон дар бораи  мамлакати тиллоӣ, ҷомеаи адолатпарвару муваффақ ва маонии волост, ки дар фарҳанг, адабиёт ва мусиқии оламшумули тоҷик таҷассум ёфтааст.

Як сол пас сохтмон ба анҷом мерасад, турбинаҳои муқтадир ба кор медароянд ва барқ, равшанӣ  ҷорӣ хоҳад гашт.   Ҳамон равшание, ки  удабову уламо  ва паямбарон пешгўӣ кардаанд. Равшании сипосу эҳтиром инсонҳо ба  неъматҳои тақдимшуда…

30 апрели соли 2016

***

                                                               Илова бар ин…

 Александр Проханов дар бораи Тоҷикистон боз чиҳо гуфтааст?

 

ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИСТИҚЛОЛ

«… Соли 1991 Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз лонаи калони шӯравӣ афтод. Ва мисли ҷӯҷаи навпарвоз қарор кард ба сӯи офтоб парвоз намояд, давлати худро созад. Олимон, файласуфон ва таърихчиёни тоҷик ба ҷустуҷӯи таърихи пайдоиши давлати худ дар аҳди қадим пардохтанд. Онҳо шеърҳои Навоӣ, Умари Хайём, Низомиро омӯхтанд — он ҷо пайи фарҳанги бузурги тоҷикиро меҷустанд…».

ДАР БОРАИ ДУШАНБЕ

«…Онҳо ба бозсозии шаҳри худ, пойтахти худ – шаҳри Душанбе партохтанд. Яке паси дигаре қасрҳо, биноҳои баландошёна, Китобхонаи миллӣ, Театри миллӣ, Хонаи қабули миллӣ қомат афрохтанд. Ҳамаи ин қасрҳои афсонавии замони Семирамидҳоро ба ёд меовард. Душанбе ба шаҳри қасру кӯшкҳо, варзишгоҳҳо, кӯчаҳои дарози зебо, фаввораҳо, боғҳо, зебосанамҳои ҷавони тоҷик табдил ёфтааст. Дар маркази шаҳр муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон дар манзараи сутунҳои мармарии сафед бо тоҷи ҷилодори тиллоӣ қомат афрохтааст…».

 ДАР БОРАИ МАКТАБҲО

«…Қариб дар ҳар як деҳа мактаби нав бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта шудааст. Ба таҳсили ҷавонони тоҷик диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад: мактаб, таҳсилоти ибтидоӣ, баъдан донишгоҳ, баъдан лаёқатмандтарини онҳо ба кишварҳои ҷаҳон — ба Россия, ба Аврупо сафар мекунанд. Он ҷо онҳо таҳсил мегиранд ва бо донишҳои нав, бо тасаввуроти наву муосири техникӣ ва фарҳангӣ бармегарданд…».

 ДАР БОРАИ КИШОВАРЗӢ

«… Барои таъмини мардум  бо ҷаҳду ҷадали  дастҷамъонаи муштарак соҳаи кишоварзӣ босуръат рушд мекунад. Пахта ҳамеша яке аз соҳаҳои муҳими Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад. Навъҳои нави пахта  ихтироъ карда шудаанд, онҳо аз рӯи технологияҳои нав парвариш мешаванд, мошинҳои нави пахтачинии хориҷӣ харида шудаанд, пахтаро ҳоло на бо даст мисли пештара, балки бо ёрии мошинҳо қариб ки бидуни талаф мичинанд. Токзор, боғҳо, гӯсфандони маъруфи ҳисорӣ, ки дар нишебиҳои кӯҳҳои тоҷик чаронида мешаванд…».

ДАР БОРАИ БОЗОРҲО

«… Баробари ба бозорҳо ворид шудан мафтуни тамошои аз нурҳои офтоб дурахшандаи помидорҳо, себҳо, нокҳо, гелосҳои пур аз шарбат, чеҳраҳои хандону сабзина ва шӯхи савдогарони тоҷик мегардӣ. Онҳо гоҳо як қошуқ асал барои чашидан ва гоҳе порае аз ноки сершира пешниҳод менамоянд. Ин бозорҳо манзараҳои нотакрори Шарқ мебошанд. Ва онҳо зебоии имрӯза ва файзу баракати зиндагии тоҷиконаро пурра тасвир мекунанд…»

ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА

«…Вале ганҷи асосии Тоҷикистони имрӯза неругоҳҳои барқии он, албатта, пеш аз ҳама, Норак, ки дурри сохтмони обии Шӯравӣ маҳсуб мешавад, мебошанд. Дар наздикии Норак НБО «Роғун» бунёд мегардад. НБО «Роғун», ки сохтмонаш замони Шӯравӣ оғоз гардид,  сипас ба ҳоли худ гузошта шуда буд, сукут ва харобии ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, имрӯз дубора бунёд мегардад. Ин неругоҳ иншооти обии нодир аст,  ҳамаи агрегатҳои асосии он дар зери замин ҷойгиранд. Неругоҳи мазкур дар ҷаҳон ба худ ҳамто надорад ва бо бунёди ин иншоот Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба худ мақоми кишвари мутамаддинро бармегардонад. Баробари ба истифода додани НБО «Роғун» Тоҷикистон ба рушди  минбаъдаи худ  суръат  мебахшад – он гоҳ пеш меравад, ба сӯи  ояндаи умедбахш, дурахшон, деринтизор…»

ДАР БОРАИ АФҒОНИСТОНИ ҲАМҶАВОР

«…Ҳамҷавории Афғонистони имрӯза барои тоҷикон – мӯҷиби нигаронӣ, изтироби ҳамешагӣ гаштааст. Имрӯз Афғонистон  кишварест бидуни сохти қавии давлатӣ, кишварест пур аз бетартибӣ ва бесарусомониҳо, кишвари  гирифтори  ҷангҳои доимӣ ва амалҳои террористӣ. Толибон, ки гумон мерафт  қувваи асосии бесуботсозандаанд, тадриҷан ба нестӣ мераванд, вале миёни онҳо ҳаракатҳои нав сар мезананд, ба монанди ДОИШ (гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», мамнӯъ дар Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо) бо технологияи бераҳмона ва  ифротиаш. Дар Тоҷикистон дар бораи ДОИШ хуб огоҳанд ва ба ин чолиш омодаанд.

Ман барои дидани  машқҳо ва санҷишҳои  аҷиби низомӣ ба  Тоҷикистон даъват шуда будам. Кишварҳои СААД /ОДКБ/ — кишварҳое ҳастанд, ки дар як иттиҳоди низомӣ ҷамъ омадаанд. Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон. Ин кишварҳо беҳтарин ҷузъу томҳои иктишофии худро ба Тоҷикистон фиристоданд. Як разми том, амалиёти намунавии том оид ба нест кардани ҷинояткороне, ки  тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карданианд, намоиш дода шуд…

ДАР БОРАИ ДАСТАРХОНИ ТОҶИКӢ

«…Ва ҳангоме, ки амалиёт анҷом ёфт, низомиён ба тафреҳ баромаданд ва сари дастархони меҳмоннавози тоҷикон нишастанд. Онҳо дар барои Рӯзи Ғалаба, ғалабае, ки то ҳол ба онҳо мардонагӣ, ирода ва иззат мебахшад, нӯшбодҳо гуфтанд…».

 

 

Февраль 26, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Паҷакент ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «То моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбанди НБО-и «Роғун» таъмин карда шавад»
НБО-И «РОҒУН». Давоми солҳои 2008-2024 Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳ зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар Кони рақами 17 шинос шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр шинос шуданд