НИҲОЛ ШИНОНЕМ! Адиби шинохта Камол Насрулло дар бораи хусусияти дарахтон: олуболу боигарӣ меорад, хуч дар хонадон сулҳро таъмин мекунад…
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар саросари мамлакат авҷ гирифтаанд ва ба шарофати он гӯшаву канорҳои шаҳру деҳотамон боз ҳам бештар сабзу хуррам мегарданд. Ҷойи шубҳа нест, ки ниҳолшинонӣ низ маъракает масъулиятнок ва муносибати ҷиддиро аз онҳое, ки ба ин кори хайр машғуланд, тақозо дорад. Бинобар ин аз манфиат холӣ нест, агар баъзе маълумот оид ба дарахтон ва хусусияти онҳо ба табъ расанд. Дар ин қатор донистани баъзе ақидаҳои мардумӣ, ки аз таҷрибаву мушоҳидаҳои онҳо маншаъ гирифтаанд, ба гумони мо, муфид хоҳад буд.
Дар ин бора мулоҳизаҳо ва мушоҳидаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии бо номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ “Ховар” Камол НАСРУЛЛО дар бахши нави сомонаи мо “НИҲОЛ ШИНОНЕМ!”.
Нуҳ сабаб барои ниҳолшинонӣ ва бартариҳои дарахтон
Дар бисёр маврид дарахтонро барои ороиш, яъне зебоӣ ва соягустарӣ мешинонанд, аммо дар асл онҳо манфиатҳои зиёди дигар ҳам доранд. Онҳо тарҳи боғро муайян намуда, эҳсоси масоҳат медиҳанд ва пеш аз ҳама, манзара месозанд, манзилро бо манзараи атроф мепайванданд, то он тавъам бо муҳит табиӣ битобад.
Қимати ҷамъиятии дарахтон
Дарахтон ба зиндагӣ беҳбудӣ мебахшанд. Мо ба ҳузури онҳо аҳамият медиҳем, аз зебоии онҳо ҳаловат мебарем. Дар канори дарахтон эҳсоси оромию осоиштагӣ ва истироҳат моро фаро мегирад. Азбаски дарахтон умри дароз мебинанд, онҳо аксар вақт барои мо муҷассамаҳои зинда мебошанд ва ангезиш аз хотироти гузашта медиҳанд. Мо ба дарахтоне, ки худамон нишондаем ва ё одамони наздикамон, меҳр мебандем.
Кашиш ва ҷалби зуҳуроти ҷондор аз ҷониби дарахтон
Ҳар дарахт мисли чодар ё хиргоҳу хаймаест, ки парандагон, шабпаракҳо, ҳашарот ва ҷонвараконеро чун санҷоб ба худ ҷалб намуда, ба онҳо ғизо пешниҳод мекунад. Парандагон, ҳашарот ва санҷобҳо аз донаву мағзи он истеъмол мекунанд. Занбӯру шабпаракҳо ҳам аз дарахтон шаҳд менӯшанду ғизо меёбанд.
Эҳсоси маҳрамӣ
Боғ ё замини худпарварда мисли як зуҳуроти маҳрам ва наздик ба инсон аст. Кас мехоҳад онро аз нигоҳи чашми бегона маҳфуз дорад. Дарахтон ва буттаҳо ин мушкилро ба осонӣ ҳал мекунанд ва зоҳиран ҳам онҳо аз девору панҷараҳо хушнамотаранд.
Покии ҳаво
Дарахтон хориҷкунандаи диоксиди азот, диоксиди сулфур (олтингӯгирд), озон, оксиди углерод мебошанд. Бо сояи баргҳояшон ҳаворо салқин медоранд ва сатҳи ҳавои ғуборолуди заҳрнокро шаш фоиз паст мегардонанд.
Танзими ҷараёни об
Вақте ки оби борон ба дарахт меафтад, як қисмати он аз тарафи баргҳои дарахт ҷаббида мешавад, боқимондаро замин дар якчанд дақиқа ё соат ба худ мекашад. Ин муддат имкон медиҳад, ки хок бештар намиро ҷаббида гирифта, захираҳояшро нав кунад ва аз ин ҳисоб миқдори лойоба кам гардида, дар натиҷа эрозия низ коҳиш меёбад.
Коркарди гази ангидриди карбон
Дарахтон гази ангидридро фурӯ бурда, кислород истеҳсол мекунанд. Аз ин рӯ ҳар дарахти шинонидаи мо ба нафаскашии мо ва сайёра кумак мерасонад.
Масрафи неру (энергия)
Дарахтони пурбарге, ки дар рӯзҳои гармо ба хонаҳо соя меафкананд, низ дар зимистон аз байни шохсорон нурҳои офтобро гузаронида, ба гармшавии хонаҳо мадад мерасонанд. Сардӣ ва гармии табиӣ ба сарфаи неруи барқ, ки барои гармкунӣ масраф мешавад, мусоидат мекунад. Шояд ин хеле кам бошад, вале ба ҳар ҳол аҳамиятнок аст.
Афзоиши қимати хона ва қитъаи замин
Агар шумо хона ва ё қитъаи заминатонро фурӯхтанӣ бошед, теъдоди дарахтони дар он буда, сабзиву хуррамӣ ва шукуфоии боғатон ба боло бурдани нархи он ёрӣ мерасонад.
Ҳимоя аз шамол
Агар хонаро дарахтон аз шамол паноҳ карда бошанд, зимистон дар он гармӣ бештар хоҳад буд. Метавон дарахтонро аз он тарафе шинонд, ки аз он ҷониб бештар шамолҳои сард мевазанд. Ба ғайр аз ин дарахтон метавонанд аз ғавғо ҳам шуморо ҳимоят кунанд.
Хусусияти дарахтонро бояд донист
Дар ҳавливу хонаҳои шахсӣ ва қитъаҳои замини шахсӣ дарахтони зиёде парвариш меёбанд. Аксари ин дарахтҳо мевадиҳандаанд. Аммо баъзе боғдорон мекӯшанд дарахтҳои ғайримевагиро низ парвариш кунанд. Дар ин маврид донистани таҷрибаву мушоҳидаҳои мардумӣ, ки шинондани кадом дарахтро дар кадом мавзеъ ва кадом замон муайян намудаанд, аз манфиат холӣ нест. Ин таҷрибаҳо мегӯянд, ки шинонидани кадом дарахтон дар боғҳои ҳавлигӣ ва ё наздиҳавлигӣ мувофиқтар аст. Ба ин таҷрибаҳо метавон бовар кард ва ё метавон онҳоро кӯҳнашудаву хурофотӣ шуморид. Аммо донистанашон барои мо ҳаргиз аз манфиат холӣ нест.
Неруе, ки аз дарахтон паҳн мешавад
Гузаштагони мо чунин мешумориданд, ки ҳар дарахт паҳнкунандаи неруест, ки ба инсон таъсиргузор аст. Ақидаҳое ҳукмронанд, ки баъзе дарахтоне барандаи энергияи манфӣ мебошанд. Дар асоси ин ақидаҳо дарахтони булут ва бед нокомӣ ва бебарорӣ оварда, ба саломатии одам зиён доранд. Набояд ин дарахтонро дар замини наздиҳавлигӣ шинонд. Онҳоро мисли вампирҳое мешуморанд, ки энергияи мусбатро аз табиати атроф кашида мегиранд. Аз ин рӯ шинонидани онҳо дар ҳавлӣ ва заминҳои наздиҳавлӣ маслиҳат нест, ҳарчанд онҳо хеле зебоянд. Аммо гурӯҳи дигари растаниҳо шабеҳи донорҳо ҳастанд. Онҳо ба ҷаҳони беруна таъсири баръакс мегузоранд. Беҳуда нест, ки онҳоро муолиҷони табиӣ меноманд. Онҳо барор меоранд, андӯҳро мебаранд, табъҳоро хуш мегардонанд, саломатиро беҳ намуда, ҳатто дардро коҳиш медиҳанд. Албатта, беҳтар аст маҳз онҳоро дар назди ҳавлӣ шинонд. Ба ин гурӯҳ аксари дарахти мевадор, ақоиқ, коҷ ва бисёр намудҳои дигар дохил мешаванд. Буттаҳои гул низ аз он ҷумлаанд.
Анъанаҳо ва ҳикмати мардумӣ ба мо мегӯянд, ки кадом растаниро метавон дар ҳавлӣ парвариш доду кадомашро не. Шояд аз паси ин ақидаҳо рафтан ҳатмӣ нест, аммо набояд аз ёд бурд, ки онҳо бар таҷрибаву мушоҳидаҳои мардумӣ асос ёфтаанд.
Энергетикаи дарахтонро муайян намудан душвор аст, аммо бисёре аз дарахтоне, ки бояд аз онҳо даст кашид, дар решаҳояшон неруи харобкунанда доранд. Баъзан ин неру ончунон тавоност, ки таҳкурсии хонаро валангор мекунад. Шинонидану парвариши буттаву гулҳои заҳрнок дар назди ҳавлӣ низ маслиҳат нест. Агар боғпарвар саволеро пайгирӣ кунад, ки кадом растаниҳоро набояд дар боғи ҳавлӣ шинонд, ба ӯ ҳамин таҷрибаву мушоҳидаҳои халқӣ кумак мекунанд. Яке аз дарахтони ношоиста дар ҳавлӣ ин ҳамон булут аст. Чунин меҳисобанд, ки ӯ энергетикаи сахт дорад ва беҳуда нест, ки онро яке аз дарахтони дарозумр меҳисобанд. Аммо касеро, ки саломатияш хуб нест, булут боз ҳам камқувваттар мегардонад. Ӯ аз ҷисми одамони саломатияшон начандон устувор неруяшонро кашида мегирад. Боз як гуфторе ҳаст, ки дар асоси он набояд булутро дар ҳавлӣ нишонд. Дар асоси ривоятҳо ин дарахт марги сарвари хонадонро наздик мегардонад. Мегӯянд, ки ин дарахт ҷанговаронро хуш мепазирад, аммо барои онҳо низ хавфнок аст.
Оё метавон дар боғи ҳавлӣ дарахти тӯс шинонд? Ин суолро барои он шояд бидиҳанд, ки тӯси мавзуни соқасафед хеле дилрабо менамояд. Аммо бо вуҷуди ин набояд тӯсро дар ҳавлӣ кошт. Ба ақидаҳои мардумӣ, дар шоху барги он рӯҳҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо метавонанд нек бошанд, он гоҳ мушкиле нест, аммо агар бад бошанд чӣ? Ақидае ҳам ҳаст, ки зане ки дар наздикии хонааш тӯс рӯида бошад, аз бемориҳои узвҳои занона ранҷ хоҳад кашид ва ҳатто безурёт метавонад бошад. Агар хоҳиши шинондани ин дарахти мавзуну симинсоқ беҳад зиёд бошад, он гоҳ онро беҳтар аст аз паси дарвоза дар бари девор шинонд. Ин дарахт хусусияти ҳимоякунандагӣ дошта, хонаро аз неруҳои бад нигоҳ медорад. Ақли инсонро вомедорад, ки сад фоиз кор кунад, фаъолияти ақлу ҳуши одамро беҳтар мегардонад. Гумон меравад, ки чунин тавсияҳо бо махсусиятҳои тӯс, ки решаҳояш қавиянду намро аз қаъри замин кашида мегирад, алоқаманд аст. Ин аст, ки анқариби ин дарахт дигар растаниҳо намерӯянд.
Дар мамлакати мо мардум дар дами дарвозаҳоу канори боғҳо бештар сафедор мешинонанд. Ин кор манфиат дорад, зеро мегӯянд сафедор неруҳои баду сиёҳиҳоро ба худ кашида, манзилро аз он эмин нигоҳ медорад. Хусусан ҳангоми раъду барқ сафедор барқро ба худ кашида, хонаро муҳофизат мекунад. Аммо бояд дар назар дошт, ки сафедор ба сафи дарахтоне ворид мешавад, ки решаҳои тавонову вайронкор доранд ва метавонанд ба таҳкурсии бино зиён оранд. Хусусан дар канори роҳҳои мумфарш шинонидани сафедор маслиҳат нест, чун бо мурури замон решаҳои сафедор тавон ёфта, метавонанд аз замин берун хурӯҷ кунанд ва роҳҳои сементиро низ кафонида, вайрон кунанд. Илова бар ин сафедор дарахти ковок аст ва метавонад аз шамолҳои шадид шикаста, боиси нохушиҳо шавад. Дар ин ҷо метавон аз он низ ёдовар шуд, ки сафедор пат дорад ва дар фасли фаромадан аз гул ба атроф паҳн шуда, ба чашму бинӣ медарояд ва аллергия меорад.
Ба сафи дарахтоне, ки шинониданашон дар ҳавлӣ маслиҳат нест, чормағз низ медарояд. Ин маънои онро надорад, ки онро набояд кошту аз лаззат ва фоидаи шифоии мағзаш маҳрум монд. Баръакс, онро бояд дуртар аз манзилҳо парвариш кард, то зиёнаш ба хона нарасад. Зиёнаш ҳам дар решаҳои қавиву паҳновари он ва ҳам дар ҳавои гаронест, ки аз он хориҷ мешавад.
Вобаста ба дарахтони сӯзанбарг ҳам ривоятҳое вуҷуд доранд. Агар ба онҳо бовар кунед, коҷ ва санавбар ҳам мусоидат ба бебарорӣ мекунанд, ҳосилро ба талаф мебаранд ва ҳатто ба соҳибони хона марг меоранд. Аммо чунин муносибати манфӣ ба ин дарахтон асосан дар маҳалҳоест, ки онҳо маъмул нестанд ва ё вуҷуд надоранд. Ва ин сабаб дорад, зеро дар Руси қадим мурдагон бо шохаҳои коҷ рӯйбаст карда мешуданд ва беҳуда нест, ки ин дарахт дар мардум тарс бармеангехт. Ба ҷуз ин коҷ зуд оташ мегирад, аз ин рӯ барои хонаҳои чӯбин хатарнок аст. Агар булут, пеш аз ҳама, ба сарвари хонадон хатар орад, дарахти сарвиноз гӯиё ба духтарон бадбахтӣ меорад. Онҳо як умр танҳо мемонанд, зеро наметавонанд шавҳар кунанд. Боз эътимоде паҳн шуда, ки дар хонаи дар канораш сарвиноз руста танҳо духтар таваллуд мешавад. Аммо дарахти сарвиноз хосиятҳои мусбат ҳам дорад. Ин дарахт неруҳои бадро метарсонад. Бинобар ин дар паси девори ҳавлӣ шинонидани он бе манфиат нест.
Маҷнунбед ҳам як дарахтест, ки дар ҳавлӣ шинонидани онро маслиҳат намедиҳанд. Ин дарахт ба хона ғам меорад. Беҳуда номи онро маҷнун наниҳодаанд. Ҳарки онро дар қитъаи худ нишонад, бисёр гиря хоҳад кард.
Ба растаниҳои манфиатдор фарн (папоротник) дохил мешавад. Вай инсонро аз эҳсосоти манфӣ нигоҳ медорад ва барои пойдории сулҳу салоҳ дар хона кумак мерасонад. Аммо ин растанӣ аллергия меорад.
Ба дарахтони дорои хусусиятҳои манфӣ бед низ шомил аст. Чунин меҳисобанд, ки ҳар касе онро шинонад, зуд мефавтад. Ҳаргиз онро ба шарафи зодрӯзи тифл набояд шинонид, ки ин ба тифл бадбахтӣ меорад.
Сияҳбед низ ба гурӯҳи дарахтони дорои сифати манфӣ медарояд. Агар одам дар канори он муддати дароз бошад, хастагӣ ва рӯҳафтодагӣ эҳсос мекунад.
Бисёре аз ин эътиқодҳои халқиро метавон аз ҷиҳати илмӣ низ асоснок кард. Хушбахтона, растаниҳое, ки ба ақидаи мардум дорои энергетикаи мусбат мебошанд, хеле бештаранд. Аз ин рӯ, агар шумо хоҳиш дошта бошед, метавонед дар қитъаи замини худ боғи зебое бунёд кунед. Дар ин маврид ба чунин намуди растаниҳо бояд аҳамият дод.
Арча муҳофизи беҳтарин аст. Агар онро дар назди хона шинонед, ӯ шуморо аз таъсири неруҳои манфӣ ва бад нигоҳ медорад.
Коҷи баргрез (дархти сӯзанбарге, ки баргҳояш мулоим буда, дар зимистон мерезанд) ба инсон табъи хуш мебахшад.
Ақоиқ аз бесамарӣ наҷот медиҳад.
Ғубайро (рябина) ҷавониро маҳфуз медорад, ба неруҳои ҷинсии ҳам мард ва ҳам зан таъсири мусбат дошта, ба худнигоҳдорӣ-таҳаммул кумак мерасонад, манзили зистро аз ҷавҳари сиёҳ ҳимоят мекунад. Ба шинонидани ин дарахт ҳеҷ ҷои шубҳа нест, вай на танҳо ҳавлиро зеб медиҳад, балки манфиати зиёде ба соҳибони хона меорад.
Фарқ ё заранг яке аз беҳтарин дарахтонест, ки дар интихоби он набояд таъхир кард. Заранг сериву пурии хонаводаро таъмин мекунад, сиҳатии тамоми аъзои оиларо мустаҳкам менамояд, ба ҳалли ҳама баҳсҳо ёрӣ мерасонад.
Манфиати дарахтони мевадор
Ҷолиб аст, ки на танҳо дарахтони ороишӣ, балки дарахтон ва буттаҳои мевагӣ низ ба муҳити зисти одам таъсири мусбат доранд.
Нок ба ҳамдигарфаҳмии зану шавҳар мусоидат карда, эҳсосоти модаронаро тақвият медиҳад.
Олуболу боигарӣ меорад ва беҳуда нест, ки онро рамзи ҳосилнокӣ мешуморанд. Пеш аз гул тавассути афрӯхтани оташ дар зери он метавон даромаднокии иқтисодии хонаводаро қавӣ кард.
Хуч (ҳулӯл) дар хонадон сулҳро таъмин мекунад. Ба ҳамдигарфаҳмии хешовандон ёрӣ мерасонад ва эҳсосоти манфии ҷамъомадаро аз байн мебарад.
Себ ба духтаракон барору бахт меорад. Фақат ин ки он бояд рӯ ба рӯи тирезаи духтар руста бошад.
Калина ба сиҳатии ҷисмонӣ ва зҳсосот таъсири мусбат мерасонад.
Маълумоти аҷиб оид ба дарахтон
Дарахтон дар қатори аз ҳама калонтарин ҷисмҳои зиндаи сайёра буда, аз баарзиштарин захираҳои заминанд. Онҳо ҳавои моро покиза нигоҳ дошта, сатҳи ғавғоро паст мефароранд; сифати обро беҳ намуда, эрозияи заминро пешгирӣ мекунанд; инсонҳоро бо ғизо ва масолеҳи бинокорӣ таъмин намуда, соя меафкананд ва манзараҳоро зебо месозанд. Инак чанд мушоҳида ва далелу санадҳо дар дар хусуси ин сокинони замин ва боигарии зиндаи табиат: дарахтҳо.
- Бухоршавии намҳо тавассути баргу танаи дарахтҳо хароҷоти ҳарсолаи хунуксозии биноҳоро ба миқдори 2,1 миллиард доллар сарфа мекунад.
- Дарахтон аз ҳама дарозумртарин ҷисмҳои зинда дар заминанд.
- Ҳар дарахти аз ҷиҳати ҳаҷм миёна ҳамасола аз ҷиҳати экологӣ қариби 7 доллар сарфа меорад, ки ба кам кардани хароҷоти барқ ва сарфаи хароҷоти муҳити зист мусоидат мекунад.
- Як дарахт ҳар сол қариб 113 кг оксиген истеҳсол мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки аз аз ду дарахти калонсол метавон он қадар оксиген истеҳсол кард, ки барои таъмини як оилаи иборат аз 4 нафар кофист.
- Танҳо як дарахт қобил аст дар як сол он қадар гази ангидриди карбонро фурӯ барад, ки як автомобил дар муддати тай кардани 41, 8 километр хориҷ мекунад.
- Дар тӯли ҳаёти худ як дарахт метавонад як тонна гази ангидриди карбонро фурӯ барад.
- Давомнокии миёнаи умри як дарахт дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 8 сол аст. Барои муқоиса давомнокии миёнаи дарахтон дар табиати ваҳшӣ чунин аст: себ то 200 сол, нок то 300 сол, санавбари аврупоӣ 500, булут 1000 сол, арча 1500.
- Аз ҳама калонтарин дарахт дар Боғи миллии Калифорния рустааст, ки баландияш 112 метр, паҳнияш 9 метр ва умраш 2000 сол аст.
- Аз ҳама куҳансолтарин дарахт низ дар Боғи миллии Калифорния ҳузур дошта, Худои абадӣ ном дорад. Ба ақидаи олимон ин дарахт 12 ҳазор сол дорад, ҳарчанд баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки синни он ҳамагӣ 7 ҳазор сол аст. Аммо ин шубҳаҳо наметавонанд унвони дарахти аз ҳама куҳансолро аз ӯ бигиранд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ “Ховар”