Об-яке аз чор унсури муқаддаси ориёиҳо. Ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бахшида мешавад

Февраль 21, 2018 11:51

ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пазироии хуши ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 рӯз аз рӯз нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистонро баландтар мегардонад. Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, доктори илми география, профессор Холназар Муҳаббатов ба наздикӣ бахшида ба ин Даҳсола китобе бо унвони «Мавқеи об дар табиат» ба нашр расонд. Суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ӯ оид ба қабули ин қатънома ва аҳамияти Даҳсолаи об сурат гирифт, ки пешниҳоди хонандагон мешавад.

Моҳи декабри соли 2016 ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун муждаи шодбош расид. Дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, ки «Шуморо ба муносибати қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, табрик менамоям».

Қабули ин пешниҳод саривақтӣ мебошад. Манбаъҳои об дар қитъаю мамлакатҳо нобаробар тақсим шудаанд, ки ин ҳол сабаби ба вуҷуд омадани як қатор мушкилиҳо гардидааст. Ин, пеш аз ҳама, ба хусусиятҳои сатҳи замин ва омилҳои иқлимӣ сахт вобастагӣ дорад.

Ҳолате бисёр ташвишовар аст, ки ба масъалаи сарфаи об дар бисёр давлатҳо кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва ё умуман диққат намедиҳанд.

Дар қитъаи Африка маърифати экологӣ аксаран риоя карда намешавад ва ин ҳолат сабаби он шудааст, ки аксари бемориҳои сирояткунанда бо сабаби истеъмоли обҳои аз назари санитарию гигиенӣ паст хурӯҷ мекунанд.

Об бузургтарин неъмат ва омили бақои тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Дар китоби муқаддаси «Авесто» об дар қатори чор унсури ҳаётан муҳими табиат номбар шудааст. Мувофиқи ривояту устураҳои аксари халқҳои қадим (юнониҳо, мисриҳо, ҳиндуҳо ва ғайра) об пеш аз замину осмон вуҷуд доштааст. Арасту ин чор унсури олам (об, оташ, хок, ҳаво)-ро ашёи воҳиде номидааст, ки он гарм, хушк, тар ва сард буда, зуҳури онҳо метавонад ба ҳамдигар мубаддал шавад ва ё худ хосияти худро байни ҳамдигар иваз намоянд.

Аз ҳудуди Тоҷикистон калонтарин дарёҳои Осиёи марказӣ – Ому, Панҷ, Вахш, Сир, Кофарниҳон, Зарафшон ва ғайра ҷорӣ мешаванд. Қариб ҳамаи минтақаҳои табиии ҷумҳурӣ бо обҳои зеризаминӣ ба таври кофӣ таъминанд. Дар айни замон обҳои зеризаминӣ эҳтиёҷи бисёр соҳаҳои кишоварзӣ ва нуқтаҳои аҳолинишинро қонеъ мегардонанд. Махсусан, дар панҷсолаи охир онҳо барои обёрикунонии чарогоҳҳо ва обёрӣ васеъ истифода мешаванд. Дар оянда оид ба истифодаи обҳои зеризаминӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Истифодаи самараноки захираҳои оби зеризаминӣ метавонад омили барҳам задани равандҳои дубора шӯршавии заминҳо шавад ва барои ба роҳ мондани обтаъминкунии босуботи низомҳои обёрӣ ёрӣ расонад.

Об манбаи бузурги истеҳсоли неруи барқ низ мебошад. Дар сурати пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» дар якҷоягӣ бо дигар неругоҳҳо, махсусан неругоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истеҳсоли солонаи неруи барқ боз ҳам зиёдтар мешавад. Ин миқдор қувваи барқ барои дар амал тадбиқ гардидани нақшаи мавҷуда имкон дода, он на танҳо талаботи ба неруи барқ доштаи Тоҷикистонро қонеъ месозад, балки барои ба давлатҳои ҳамсоя содир намудани қувваи барқ шароит фароҳам меоварад.

Яке аз роҳҳои пешгирии офатҳои табиии марбут ба об дар шароити Тоҷикистон сохтмони обанборҳо мебошад. Сохтмони обанборҳо дар шароити кӯҳсор харҷи зиёд талаб намекунад ва аз тарафи дигар, ба ғайр аз истеҳсоли қувваи барқ онҳо дар шароити камобӣ ягона роҳи пешгирии буҳрони энергетикӣ ва хушксолӣ хоҳанд гашт. Обанборҳо дар шароити кӯҳистон боз ҳамчун садди роҳи селу тарма ва дигар кӯчишу сангрезӣ хидмат намуда, аз хатари доимии ин офатҳои табиӣ  мардумро наҷот медиҳанд. Вале барои дар сатҳи баланд ба амал баровардани ин корҳо бояд тадқиқоти илмию доимии режими оби обанбору дарёҳо ва мониторинги онҳо бо талаботи имрӯза ва пайваста  гузаронида шавад.

Баъзе олимон ва сиёсатшиносони мамлакат бар ин ақидаанд, ки Тоҷикистон бо назардошти манфиати давлатҳои минтақа оид ба инкишоф додани соҳаи гидроэнергетика бояд ташаббускори таъсис додани як Иттиҳоди нави истифодаи захираҳои об дар минтақа гардад. Ба ин Иттиҳод дар баробари Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин Афғонистон ва Покистон ҷалб карда шаванд.

Мардуми тоҷик дар ҳама давру замон бо ҳамсоягон дар ҳалқаи дӯстию ҳамкорӣ зиндагӣ карда, ҳунару санъати ниёгони худро ба онҳо низ ёд медод. Аз ин хотир, дар баробари манфиати худ мо ҳамеша манфиати ҳамсоягонро низ ба эътибор мегирем. Зимни ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Стратегияи нави манбаъҳои энергетикӣ, истифодаи об ва дар маҷмӯъ экологияи табиат ва энергетикаи мамлакатро ба таври дақиқ таҳия намуда, мо бояд барои рушди устувори ояндаи мамлакат ва минтақа тамоми тадбирҳоро андешем».

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2018 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Туркия сардии ҳаво то 33 дараҷа расидааст
Дар натиҷаи таркиш дар Покистон 4 нафар ҳалок ва 32 нафар захмӣ гардид
Донишгоҳи давлатии Бохтар соли 2024 ба даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дохил гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли кошин сохта мешавад
Дар шарқи Канада бар асари шамолҳои тӯфонӣ ҳазорон нафар бе барқ монданд
Дар ноҳияи Шуғнон пайомадҳои тарма бартараф карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон фаромадани туман ва сар задани тарма пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барфу борон пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
«ОЛИҲАИ МЕҲР». Маҷмуа ба мақоми занони фаъоли тоҷик дар рушди ҷомеа бахшида шудааст