ОБУ ҲАЁТ. Маҳз об ба воқеияти ин ҷаҳону зиндагӣ таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад

Февраль 19, 2018 10:49

Тоҷикистон кишвари соҳиби об ба ҳисоб рафта, қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбанд.

Эмомалӣ  Раҳмон

ДУШАНБЕ, 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор барои ҳалли масоили глобалии минтақа ва ҷаҳон вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф шудааст. Ҳарчанд ки доир ба ҳалли масъалаҳои об  ва ташаббусҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи об   пешрафтҳои назаррас  ба даст омадаанд, вале имрӯз низ  дар миқёси ҷаҳон  наздик ба  1 миллиард аҳолии  сайёра аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ  танқисӣ доранд.

Доир ба  ташаббусҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва иқдому пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод ҒАФУРЗОДА  ҳамсуҳбат шуд, ки пешниҳоди хонандагон мегардад.

Боиси ифтихори мост, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти обию экологии ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор эътироф гардидааст. Пешниҳоди чоруми Сарвари Тоҷикистон дар масъалаи дасрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби  Маҷмааи умумии СММ қабул гардид.

Масъалаи ниҳоят муҳими экологӣ, ки  имрӯз мавриди омӯзиш ва баррасии ҷомеаи ҷаҳонии муосир қарор дорад, ин норасоии оби ошомиданӣ аст. Аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то кунун доир ба нақши об дар зиндагии рӯзмарраи инсон муҳаққиқон, сиёсатмадорон ва коршиносон кашфиёту тадқиқоти зиёд ба анҷом расонидаанд. Дар натиҷаи тадқиқот аён шудааст, ки имрӯз дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион нафар дар минтақаҳое зиндагӣ доранд, ки дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барояшон мушкил аст. Бино ба маълумоти оморӣ, тақрибан 750 миллион нафар сокинони сайёра ба оби тоза ва 2,5 миллиард нафар ба шароити кофии беҳдошт дастрасӣ надошта, дучори сахттарин бемориҳои сироятӣ мегарданд.

Офатҳои табиии марбут ба об ба ҳисоби миёна ҳар сол ба тамоми сокинони ҷаҳон беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисорот мерасонанд. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба зиндагии 1 миллиарду 200 ҳазор нафар таҳдиди ҷиддӣ  мерасонанд. Шоири англис В. Ауден гуфта буд: «Ҳазорон нафар бе муҳаббат зистаанд, вале як нафар ҳам бе об зиста наметавонад».

Дарвоқеъ, об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, унсури асосии ҳаёт ба шумор меравад. Пайдоиш ва ташаккули зиндагии инсон, умуман мавҷудоти зинда аз об вобатагии калон дорад. Маҳз об ба воқеияти ин ҷаҳону зиндагӣ таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.      Муҳимияти ин масъаларо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дарк намуда, аз минбари баланди ҷаласаи 54-уми  Ассамблеяи генералии СММ  пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли байналмилалии «Оби тоза» эълон карда шавад.  Боиси ифтихор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ  менамояд. Эълони Даҳсолаи амалиёти  «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод гардид, имкон дод, ки мушкилоти норасоии об ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавҷудияти 947 дарёи хурду бузург ва 14 ҳазору 509 адад пирях, ҳамзамон  бо иқтидори 527 миллиард киловатт- соат қувваи барқ дар минтақа дар фарози сарчашмаҳои обҳои ширин қарор дошта, тавлидгари беш аз 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Бо чунин захираи бойи обӣ, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ худро аз мушкилоти норасоии об дар  сайёра канор намегирад. Зеро ҳар мушкилие, ки имрӯз дар ин самт мавҷуд аст, на танҳо мушкилии як давлату як минтақа, балки мушкилии тамоми башарият мебошад.

Дар ибтидои қарни 21 дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ мушкилоти оби тоза мавқеи махсус пайдо намуд. Зеро имрӯз  норасоии оби тозаи ошомиданӣ сабаби нигаронии ҷиддии аҳли ҷомеа гардидааст.  Дар кишварҳои инкишофёфта  ва навинкишоф нарасидани оби тозаи нӯшокиро бештар эҳсос намуда, барои ҳалли ин мушкилот аз тамоми имкониятҳо истифода  мебаранд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳоло ягона созмони бузурги байналмилалӣ мебошад, ки дар ҳалли ин мушкилот саҳми назаррас дорад. Аз ин рӯ дар тӯли 10 соли охир  аз тарафи маҷмааи СММ  чанд қатънома қабул гардида, дар Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Бразилия, Тоҷикистон, Дания ва Туркия конфронс ва форумҳои байналмилалӣ доир гардиданд. Дар садсолаи нав об на танҳо ҳамчун сарвати табиӣ, балки ҳамзамон чун яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали арзишманд мақоми хосса дорад. Об омили бархӯрдҳои шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳамзамон дипломатияи созанда гаштааст. Тибқи таҳлили коршиносон, то соли 2025 агар мушкилоти норасоии оби тоза роҳи ҳалли худро наёбад, наздик ба 3 миллиард нафар сокинони сайёра ба шадидтарин мушкилӣ дучор гардида, қурбони норасоии оби ошомиданӣ мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор бо эълони даҳсолаҳои нав ба нав тавонист бори дигар  қудратҳои ҷаҳониро андешаманди масоили об барои баъд аз соли 2015  созад. Ин иқдомро  коршиносон амри заруриву пешниҳоди саривақтӣ арзёбӣ мекунанд.  Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ яке аз масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, таъминоти сайёра бо об яке аз ҳадафҳои асосии инсоният мебошад. Бо дарназардошти камшавии оби ошомиданӣ дар сайёра мушкилоти риоя нашудани нишондоди санадҳои байналмилалӣ дар робита ба истифодаи дарёҳои сарҳадгузар рӯи кор омадаанд. Имрӯз 145 кишвари олам аз дарёҳои сарҳадгузар истифода карда, 21 кишвар дар ҳавзаи дарёҳои  сарҳадгузар қарор доранд. Осиёи Марказӣ низ ба ин мушкилот мувоҷеҳ гаштааст. Тоҷикистон дар минтақа давлатест, ки  бо захираҳои бузурги обӣ ва пиряхҳои азимаш дар сафи аввал қарор дошта, бузургтарин иқтидори гидроэнергетикиро  соҳиб аст. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти мавҷудаи ҷаҳонии норасоии об ҳамеша саъю талош дорад, то дар мушкилоти марбут ба оби ошомидании на танҳо минтақа, балки сайёра нақш дошта бошад.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.  Тоҷикистон дар олам чун давлати дорои захираҳои фаровони об шинохта шуда, захираҳои оби тозаи дар ҳудуди он тавлидёбанда асосан аз пиряхҳо ва кӯлҳо иборатанд. Ҳар сол дар ҳудуди Тоҷикистон   64 миллиард метри мукааб оби тоза тавлид меёбад, ки аз ин оби ҳосилшуда танҳо 12-15 фоиз барои эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ истифода мешавад. Боқимондааш  ба кишварҳои поёноб интиқол шуда, бештар барои обёрии киштзор  истифода мешавад. Тавре дар боло зикр намудем, масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ сол ба сол мушкилтар мегардад. Зеро ҳолати таваллуд дар аксари мамлакатҳо хеле зиёд буда, айни замон ҳаҷми заминҳо сол ба сол коҳиш меёбад. То  соли 2025  дар кишварҳое, ки аз оби тоза танқисӣ доранд, шумораи аҳолӣ ба 3 миллиард мерасад. Имрӯз тамоми  кишварҳои дар ҳоли рушд инфрасохтори дуруст надоранд. Шабакаҳои мукаммали нигоҳдорӣ, тақсимкунанда ва истифодаи об кор намекунанд. Мамлакатҳои ҷаҳон ҳар сол дар масъалаи қабул кардани қарорҳо дар бобати тақсимоти об, ба ҷо овардани манфиати истеъмолкунандагони об  ва сохторҳои истифодабарандаи он бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Аз ин рӯ мо бояд дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва амалишавии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат саҳми босазо гузошта, ҳамчун давлате, ки обро асоси дипломатияи муътадил ҳисобидааст, пешсафу пешкори чунин ташаббусҳо бошем.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 

Февраль 19, 2018 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз байн бурдани коррупсия омили пешрафти ҳар давлат аст
ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳамадонӣ, №35 номзад пешбарӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз ҳавзаи якмандатии Исфара, №20 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид
Бозорҳо, хатсайрҳо, терминалҳо: МегаФон Тоҷикистон шабакаи толорҳои алоқаи худро васеъ намуд
ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 номзад пешниҳод намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Сӯхтори ҷангал дар Калифорния беш аз 300 гектарро фаро гирифтааст
Лондон аз рӯи танбашавии нақлиёт байни шаҳрҳои Аврупо дар ҷойи якум қарор гирифт
Дар натиҷаи заминларза дар Ситсзан дар ҷанубу ғарби Чин 126 нафар ҳалок гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад