ҶОМИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ– БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН!
ДУШАНБЕ, 05.02.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими бошукӯҳи истиқболи Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки онро футболбози маъруфи ҷаҳон, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, қаҳрамони дукаратаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, собиқ нимҳимоятгари машҳури мунтахаби Франсия Кристиан Карамбе ба Душанбе овард, доир гардид. Маҳз ӯ Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018-ро ҳамроҳӣ мекунад. Ӯро Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешвоз гирифта, тамоми мухлисони футборо бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуд.
Ҷоми мазкурро инчунин намояндагони ФИФА ва «Coca Cola» ҳамроҳӣ намуданд. Сипас ин «меҳмон»-и ғайриоддӣ ба «Кохи Борбад» интиқол дода шуд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев, барои дидани ҷоизаи асосии Чемпионатьи ҷаҳон оид ба футбол қариб 2 ҳазор мухлисони ин намуди варзиш дар назди «Кохи Борбад» ҷамъ омадаанд.
Ин лаҳзаҳо бо иштироки намояндагони Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Coca Cola» барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ҷараён дорад.
Ҷоми Чемпионати ҷаҳон ба Тоҷикистон аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон омад.
Фардо ин Ҷом ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурда мешавад.
Бино ба иттилои намояндаи ширкати «Coca Cola» дар Тоҷикистон Аскар Маратов, бо сабаби зиёд будани хоҳишмандони иштирок дар чорабиниҳо ширкати «Coca Cola» озмун доир кард. Барои гирифтани чипта хоҳишмандонро лозим аст, ки 3 бутал «Coca Cola»-и якунимлитраро аз супермаркетҳои пойтахт -«Пайкар Плаза», «Пайкар», «Пойтахт», «Арзанда», «Рӯдакӣ Плаза», «Европа», «Сабад», «Шоҳона», «Ёвар» (Ҳаёти нав), «Ёвар» (диагностика), «Ёвар»-5 харидорӣ карда, бо пешниҳоди чек аз касса чипта дастрас наоянд.










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






