Пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат – шарҳи матбуот

Февраль 1, 2018 15:00

ДУШАНБЕ 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (29.01.2018,№22) матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо сарлавҳаи «Пешвои миллат: Сиёсати «Осмони кушода» ба иқтисодиёти мамлакатҳо манфиати зиёд меорад» бознашр кардааст. Зимни суханронӣ Пешвои миллат зикр карданд: «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба марҳилаи нави он – ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян шудааст ва рушди соҳа ҳамчунин дар ҷодаи баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, тақвият бахшидан ба неруи содиротии мамлакат, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин восита баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми басо арзишманд гузошта метавонад».

Бояд гуфт, ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ 26 январ таҳти раёсати Сарвари давлат баргузор гардида, дар он раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, роҳбари Намояндагии Бонки рушди Осиё Прадип Шривастава, роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ҳидеки Танабе, директори ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» Суҳроб Давлатов, директори кооперативи «Зиндагӣ» Зеваршои Рустам ва дигарон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро изҳор карданд.

Дар саҳифаи аввали нашрия ҳамчунин шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат дар шакли мақолаи алоҳида чоп шудааст. Бояд гуфт, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳаҳо иваз шуд, ки талаботи замон мебошад. Зеро дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаккули забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи халқ эҳёи баъзе номҳои ҷуғрофию таърихие, ки ба мамлакатамон бевосита тааллуқ доранд, амри воқеӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук иваз карда шуд.

Имсол дар саросари мамлакат ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Вобаста ба ин нашрияи «Ҷумҳурият» (30.01.2018,№23) дар баробари нашри табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада, ҳамчунин мақолаҳои «Сада. Аз бостон то остон», «Сада. Ҷашни қабл аз Наврӯз», шеърҳои шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло «Оташи созанда» ва «Ҷашни Сада»-ро пешкаши хонандагон намудааст. Пешвои миллат дар табрикоти хеш овардаанд: «Ҷашни Сада чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии Хуршеди оламтоб башорат дода, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ истиқбол мегардад. Ҷашни мазкур ҳамчунин ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад».

Дар саҳифаи дохилии нашрияи «Ҷумҳурият» (31.01.2018,№24)  аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи дуюми соли 2017 гузоришу хабарҳо чоп шуда, мақолаҳои «Ҳикмати як ташаббус», «Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона аст», «Маориф. Хишти аввалро каҷ наниҳем», «Татбиқи ҳадафҳои даҳсола хидмати мондагор ба аҳли башар аст» пешкаши хонандагон шудаанд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (30.01.2018,№12-13) оид ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки 29 январ баргузор гардид, хабари муфассал нашр кардааст. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон оид ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истихроҷи кони «Пакрут» ва дигар масъалаҳо шарҳу тавзеҳҳо шунида шуда, қарорҳо қабул карда шуданд. Дар шумораи мазкур нашрия Қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул»-ро дар 4 саҳифа нашр кардааст.

Нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (31.01.2018,№5) аз иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузориши муфассал чоп ва матни табрикоти Сарвари давлатро ба муносибати ҷашни Сада бознашр кардааст. Дар саҳифаҳои дигари нашрия мақолаҳои «Тоҷикистон – кишвари пиряхҳо», «Таҷлили пуршукӯҳи ҷашни Сада дар Тоҷикистон», «Ҳаёт бидуни тамоку», мусоҳибаҳо дар мавзӯъҳои муҳими рӯз ва хабару гузоришҳо аз нишастҳои матбуотии анъанавии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо  чоп шудаанд.

«Ҷавонони Тоҷикистон» — нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмониро бо сарлавҳаи «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ» чоп кардааст. Муаллифон навиштаанд: «Агар Хуршед бо нури гарми худ ва фурӯзони хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, оташ намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид».

 

Февраль 1, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар минтақаи Искандаркӯл давраи омӯзишии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» гузаронида шуд
Барои ҷавонони Тоҷикистон мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ ташкил карда мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН. Бо сокинону фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ доир шуд
12 ИЮЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ТӮФОНИ РЕГУ ЧАНГ. Дар Тоҷикистон тибқи Барномаи «Мамлакати сабз» то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
«ЗИМЧУРУД». Дар ин ҷо 1000 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба вилояти Хатлон 13 электромотороллер тақдим намуд
Эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» иқдоме дар роҳи худшиносии миллӣ аст
МегаФон Тоҷикистон ба аккумуляторҳои шакли нав мегузарад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳум ҷиҳати рушди ҳамкории авиатсионӣ ба имзо расид