Рӯзноманигорони навраси Чин бо Сафири Тоҷикистон мусоҳиба оростанд
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода 31 январи соли равон бо рӯзноманигорони наврас мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
“Тоҷикистон ва Чинро кӯҳҳои сарбаланд, дарёҳои серобу босуръат муттаҳид намуда, сарҳади мо таҷҷасумгари сулҳу ҳамкорӣ мебошад. Мо ҳамсояҳои нек ва шарикони боэътимод ҳастем. Мо мехоҳем, ки рӯзноманигорони наврас дар бораи Тоҷикистони ҳамсоя маълумоти бештар дошта бошанд, ҷонибдори дӯстии устувори Тоҷикистону Чин бошанд, онро ҳифз намуда, иштирокчии фаъоли ҳамкории ду давлат гарданд”, –изҳор намуд Сафир Парвиз Давлатзода.
Сафир инчунин ба мактаббачагони Чин дар бораи ҷумҳурии хеш, рушди фарҳанг ва санъат дар Тоҷикистони муосир, идҳои миллии “Сада”, “Наврӯз” ва Меҳргон”, муҳим будани тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу маориф ва рушди сайёҳии фарҳангию таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Чин маълумот пешниҳод кард.
Дар вохӯрӣ як гурӯҳ рӯзноманигорони наврас мусоҳибаи аввалини хешро анҷом бахшиданд. Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ба ҳамаи саволҳои мухбирони наврас ҷавобҳои муфассал дод.
Дар анҷоми мулоқот Сафири Тоҷикистон П. Давлатзода рӯзноманигорони навраси Чинро бо фарорасии иди баҳор табрик намуда, ба онҳо муваффақият ва комёбиҳои эҷодӣ таманно намуд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






