Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 7 феврал раиси Федератсияи футболи вилоят интихоб шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 7 феврал дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи вилоят баргузор шуд.
Дар конференсия намояндагони дастаҳои лигаҳои футболи минтақаи Суғд иштирок намуданд. Ба тариқи овоздиҳӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи футболи вилоят интихоб шуд. Дар ин вазифа Раҷаббой Аҳмадзода Абдураҳим Қодириро иваз намуд.
Дар конференсия ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва роҳбари дастгоҳи ФФТ Шавкат Ахмедов иштирок карданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






