Ҷӯрахон Маҷидзода: «На ҳар сиёсатмадор метавонад дар замони нооромӣ ва низоъ Артиши миллӣ таъсис диҳад»

Февраль 23, 2018 09:23

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯзи соли  1993 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе аввалин гузашти низомӣ баргузор гардида буд. Артиши пуриқтидори имрӯзаи Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки дар мамлакат вазъ ноором буд ва заминаи моддию техникӣ барои таъсиси он мавҷуд набуд. Хуллас, дар як замони басо мушкилу мураккаб Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро таъсис доданд.  Дар робита ба ин  мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон МАҶИДЗОДА ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон нобасомониҳо ба амал омада, Артиш- яъне ниҳоди асосии давлатдорӣ фалаҷ гардида буд. Оё дар ҳамон давра аз нав таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон буд?

Ҷ. Маҷидзода: Албатта, инро наметавон кори осон пиндошт, зеро ҳар сиёсатмадор қудрати онро надорад, ки дар як давраи нооромӣ  чунин ниҳоди бузург таъсис диҳад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва мамлакатро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, давлат аз иқтидори ҳарбӣ ва қувваҳои мусаллаҳ маҳрум буд, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ буданд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки қуввае лозим буд, то пеши роҳи гурӯҳҳои мухолифинро, ки якпорчагии давлат ва миллат барояшон заррае арзиш надошт, гирад ва ин зарурат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ водор сохт. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳида тамоман фаъолият намекард, аксарияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бетарафӣ ихтиёр намуда буданд. Яъне, яке аз шохаҳои асосии давлатдории тоҷикон, ки сохтори низомӣ ва қудратӣ ба шумор меравад, фалаҷ гардида буд.

Дар ҳамон давра аз нав барқарор намудани ин сохтори бениҳоят муҳим барои нигоҳ доштани якпорчагии миллатро метавон аз аввалин қадамҳои устувори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон унвон кард, зеро  Тоҷикистон дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ягона давлате буд, ки пас аз пош хӯрдани иттиҳод аз артиши он давлати абарқудрат ҳеҷ меросе нагирифт. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки 23 феврали соли 1993 Артиши миллии Тоҷикистон бо ташаббуси бунёдкоронаю созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷойи холӣ аз сифр шурӯъ шуд ва дар як муддати кӯтоҳ ба ниҳоди пурқудрати давлатӣ табдил ёфт.

АМИТ «Ховар»: Он замон заминаҳои меъёрию ҳуқуқии Артиши миллии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор доштанд?

Ҷ. Маҷидзода:  Мо дар он давра бисёре аз санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда буданд, истифода мебурдем. Соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва соли 1995-ум мақомоти қонунгузории мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин раванд масъалаи заминаи меъёриву ҳуқуқии мақомоти қудратии мамлакат ба миён омад ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» — 4 ноябри соли 1995, «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — 13 декабри соли 1996, «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» — 29 ноябри соли 2000 ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд.  Вобаста ба рушди бемайлони ҷаҳон 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар раъйпурсии умумихалқӣ зарурати тағйиру иловаҳо пайдо гардид. Дар ин ҷода ҳамзамон ба дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки бевосита аз Конститутсия сарчашма мегиранд, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, соли 2016 масъалаи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ба нафақа баромадани хизматчиёни ҳарбӣ аз нав дида баромада шуда, бо ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: 2 январи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»-ро дар таҳрири нав имзо намуданд. Мақсад аз ворид намудани ин тағйирот чӣ буд?

Ҷ. Маҷидзода:  Дар рӯзҳои нахустини соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз зумраи онҳо мебошанд. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ворид намудани тағйиру илова ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона карда мешавад. Аз ин хотир ба қонунҳои мазкур низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» воридгардида, ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, тибқи тартиби муқарраргардида рухсатии асосӣ қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дода мешавад.

             АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки барои ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ чӣ корҳоро бояд анҷом дод ва ҷавононро дар кадом рўҳия тарбия намуд?

Ҷ. Маҷидзода:   Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти низомӣ ва муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 феврали соли равон низ ба 40  оилаи кормандони низомӣ хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.

Дар баробари ин барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, риояи савганди ҳарбӣ, сатҳи касбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва маънавии хизматчиёни ҳарбӣ, интизоми ҳайати шахсӣ, риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва волоияти қонун, инчунин тарбияи кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мақомоти салоҳиятдорро зарур аст, пеш аз ҳама, бо қишри ҷавони ҷомеа ва кормандони мақомоти низомӣ корҳои фаҳмондадиҳиро зиёдтар ба роҳ монанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки  сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

 

 

Февраль 23, 2018 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 корхонаҳои саноатии Душанбе ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ВА ФАРОҲАМОВАРИИ ЗИНДАГОНИИ ШОИСТА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи Кодекси экологии Тоҷикистон баррасӣ гардид
«Россия Онлайн 2.0». Чӣ бояд кард, то дар Русия бе алоқаи мобилӣ намонед?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара таҳти унвони «Модарони тоҷик — эҳёгари хӯрокҳои миллӣ» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон иқтидори энергетикии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Лахш муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуд
Дастовардҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар СОР-29 баррасӣ шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст