Рустами Эмомалӣ барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ гурӯҳи таблиғотӣ ташкил намуд

Февраль 2, 2018 16:17

ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор кардааст, ки дар пойтахт барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе гурӯҳи таблиғотӣ ташкил карда шавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  гурӯҳи корӣ дар баробари моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароиро миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Рустами Эмомалӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор кардааст, ки барои ташкили вохӯриҳои гурӯҳи муштараки таблиғотӣ мусоидат намоянд.

Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд аз мустақилияти давлати мо чоряк аср сипарӣ шуда бошад ҳам, вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам фарҳанги шаҳрнишинӣ дар мардуми мо шакл нагирифтааст. Ҳоло ҳам мо бо бӯйи равған ҳамсояамонро азият медиҳем, бо доду фарёд оромии дигаронро дар ҷамъият халалдор месозем, бо овози баланд дар роҳ ба якдигар сухани қабеҳ мегӯем, аз худ калонро эҳтиром надорем ва ҳуқуқи мусофирро дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ зери по мекунем.
Кор то ба дараҷае расид, ки 15 феврали соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе аз ин масъала изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд: “Фарҳанги шаҳрдории мо беҳбудиро талаб карда, маданияти шаҳрнишинӣ дар бисёре аз маҳаллаҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна риоя намешавад ва муомилаву муоширати сокинони шаҳр на ҳамеша мутобиқи суннатҳои мардуми куҳанбунёду бостонии мост”.

Бисёр шармовар аст, ки касро барои тамиз кардани пушти дар,  бо бӯйи хӯроку равған ҳамсояро озор надодан ва барои дар ҷомеа ором рафтор карданаш роҳ нишон диҳанд. Ҳол он ки ин масъала болотар аз фарҳанги шаҳрнишинӣ буда, маданияти инсонист. Пас, зарур аст, ки шуури инсонгарии ҷомеа ташаккул ёбад. Барои боло рафтани фарҳангу маданият шахс бояд завқ дошта бошад. Завқи инсон парвариш мехоҳад.

Ҷавононро, ки ояндагони миллатанд, мебояд маданияти шаҳрнишинӣ, инсонӣ ва завқи худро тарбият намоянд.

 

 

Февраль 2, 2018 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд