Шафоат Назифов: «Конфронсу симпозиумҳо оид ба Даҳсолаи об саҳнаи муносиби муколама барои ҳалли мушкилоти вобаста ба об ба ҳисоб мераванд»

Февраль 26, 2018 14:16

ДУШАНБЕ, 26.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иттифоқи оро ва ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ Қатънома қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Дар робита ба ин масъала зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов чунин ибрози назар намуд:

    Об ҳамчун омили асосии мавҷудияти ҳаёт яке аз захираҳои асосии табиии ниҳоят муҳими сайёра ба шумор меравад. Истифодаи захираҳои обӣ, масъалаҳои марбут ба он ва ҳифзи захираҳои обӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб шуда, ба манфиати аҳолии мамлакат истифода намудани ин сарвати бебаҳо аз савияи касбии кормандони соҳа вобастагӣ дорад.

Имрӯз аҳли башар ба ин масъала тавассути идоракунии босуботи захираҳои обӣ эътибори хосса медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ зимни истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ки дар рушди устувори кишвар нақши муҳим мебозанд, дар раванди баррасии муаммоҳои глобалӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.

«Соли 2003–Соли оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) аз ташаббусҳое мебошанд,  ки дар тамоми олам сабаби баргузории чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронсу симпозиум ва семинарҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардида, саҳнаи муносиби муколама барои  ҳалли мушкилоти обӣ ба ҳисоб мераванд.

Яке аз ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҷалб намудани ҷавонон ва занон дар ҳалли масъалаҳои об ва тавсеаи ҳамкории илмиву технологӣ мебошад.

Зимни суханронӣ дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея Президенти мамлакат зикр карда буданд, ки «… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд».

Дар доираи амалӣ намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки 22 марти соли равон оғоз меёбад, дар назар аст, ки дар шаҳри Ню–Йорк конфронси калон доир шавад. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар конфронси мазкур намояндагон иштирок менамоянд.

Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки рӯзҳои  20- 21 июни соли равон  дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши байналмилалӣ дар соҳаи об баргузор гардад, ки дар он коршиносони давлатҳои дунё ширкат меварзанд.

Бояд зикр намуд, ки бар асари гармшавии иқлим норасоии об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён омадааст. То соли 2030 зиёда аз 40% — и сокинони сайёра аз оби нӯшокӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин Пешвои миллат бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба ин масъала ҷалб намудаанд.

Ҳадафҳои бар асоси ин ташаббусҳо гузошташуда хеле наҷибона, инсондӯстона ва оқилонаву саривақтӣ буда, онҳо ба бартараф намудани мухолифатҳо байни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои об, фароҳам овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба манфиати ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии боз ҳам шадидтар шудани танқисии захираҳои обӣ равона шудаанд. Тадбирҳои номбурда имкон медиҳанд, ки сиёсатмадорон, иқтисодчиён, олимону коршиносони соҳа, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тариқи мубоҳисаҳои созанда ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои соҳа муваффақ шаванд.

Маврид ба зикр аст, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳад.

Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад, ки барои ноил гардидан ба хадафҳои амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ дар деҳот ва дар ин замина барои рушди иқтисодиёти соҳаи агросаноатии мамлакат мусоидат менамояд. Паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот бевосита аз фаъолияти устувори соҳа вобастагӣ дорад.

Об ҳамчунин асоси пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аграрӣ истифодаи зиёдтари захираҳои обӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ равона гардидааст. Заминҳои кишоварзӣ истифодабарандагони асосии ин бахш ҳисобида шуда, омили асосии ба даст овардани маҳсулоти кишоварзӣ низ ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷумҳурӣ барои обёрӣ намудани 753,9 ҳазор га заминҳои кишоварзӣ, 29,8 ҳазор км шабакаҳои обёрӣ, 13,1 ҳазор км заҳбуру заҳкашҳо, 7427 адад иншооти гидротехникӣ, 388 адад пойгоҳҳои обкашӣ, 1492 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва 505 адад чоҳҳои амудӣ мавриди истифода қарор доранд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола  солҳои охир таваҷҷуҳи худро баҳри пиёда намудани се ҳадафи стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона намудааст. Муҳимияти пешбурди истифодаи босамари об дар ҳамаи сатҳҳо бо назардошти алоқамандии захираҳои об бо соҳаи озуқаворӣ, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист ва амният метавонад ба рушди соҳаҳои дигар низ суръат бахшад.

Соли 2017 дар ҷумҳурӣ тибқи дархости кишоварзон ба миқдори  4459,4 млн. м3 бо арзиши 76 246,0 ҳаз. сомонӣ об расонида шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 183,3 млн. м3  зиёд буда, ҳамагӣ 99 %-и он бо санадҳои доду гирифт тасдиқ гардидаанд.

Новобаста ба ин аз ҷониби Агентӣ Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.

Соли 2017 аз ҷониби идораҳои зертобеи Агентӣ корҳои мелиоративӣ  ба маблағи 13 315 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида, ҳолати 10 928 гектар заминҳои ғайриқаноатбахши мелиоративӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтар карда шуд, ки ин мутаносибан 127 ва 110 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ёдрас гардидан ба маврид аст, ки обёрии кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои ба даст овардани амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро зиёда аз 74,5% аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ намуда, зиёда аз 80% қувваи қобили кории ин бахшро маҳз аҳолии деҳот ташкил медиҳанд. Ҳудуди 80% маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ низ аз заминҳои обёришаванда ба даст оварда мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Февраль 26, 2018 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Кӯлоб дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуд
Доир ба рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд