«Шахсиятҳои бузурге, ки барои миллати хеш таърихофарин ҳастанд, дар сад, дусад, панҷсад сол ва ё зиёда аз он як маротиба рӯи саҳна меоянд» – шарҳи матбуот

Февраль 8, 2018 16:50

ДУШАНБЕ 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Моро зарур аст, ки ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот аҳамияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешем», — бо ҳамин суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (05.02.2018,№27) пешкаши хонандагон шудааст. Дар идомаи мавзӯъ мақолаи устоди Донишкадаи молия ва иқтисод Бахтовар Давлатов бо сарлавҳаи «Меваю сабзавот. Ҳосил фаровону даромад кам, чаро?» чоп шудааст, ки дар он оид ба зарурати фаровон истифода бурдани гармхонаҳо дар вилояти Хатлон ва ҷиҳати талаф наёфтани ҳосили баланди меваю сабзавот бунёд намудани сардхонаҳо андешаҳои муаллиф оварда шудаанд.

Мақолаи меҳварии шумораи мазкури «Ҷумҳурият»-ро мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов бо сарлавҳаи «Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ» ташкил додааст. Муаллиф дар мақолаи пурмуҳтаво ва илмӣ-оммавии худ аз таърихи миллати тоҷик ёдоварӣ карда, навиштааст: «Хотираи таърихӣ нишонгари он аст, ки бузургони миллат дар муддати зиёда аз ҳазор соли бедавлатӣ тавонистанд бо имконоти кӯтоҳи дастрасии сиёсӣ, ҳарбӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ҳувияти миллии тоҷиконро то ба истиқлолияти давлатӣ расонанд. Сарфи назар аз фишор, таъқиб, таҳдидҳои аҷнабиён манфиатҳои миллии хешро нигоҳ доштанд, ҳимоят карданд. Истодагарӣ намуданд». Дар идома муаллиф оид ба нақши шахсият чунин овардааст: «Шахсиятҳои бузурге, ки барои миллати хеш таърихофарин ҳастанд, дар сад, дусад, панҷсад сол ва ё зиёда аз он, як маротиба рӯи саҳна меоянд. Онҳо кореро анҷом медиҳанд, ки каси дигар даҳсолаҳо, садсолаҳо ба субут расонида наметавонист». Дар хотимаи мақолаи худ С.Ятимов оид ба субъекти сиёсӣ чунин зикр кардааст: «Муҳимтарин субъекти сиёсӣ дар баробари Давлат ва Миллат, Раҳбари сиёсии давлати миллӣ, ҳамчун падидаи аз ҷиҳати илмӣ-назариявӣ, сиёсӣ-амалӣ ва ҳуқуқӣ муайяншуда, исботгардида ва тасдиқшудаи таҷрибаи таърихии миллатҳои пешқадами дунё мебошад. Он барои раҳнамун ва ба мақсадҳои олӣ расонидани Давлат ва Миллат нақши ҳалкунанда дорад. Таҷрибаи таърихии миллати тоҷик ин назарияро бори дигар бо далелҳои оламшумул, равшан ва муътамад тасдиқ кард».

«Ҷумҳурият» (06.02.2018,№28) аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Ҳукумати мамлакат оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи дуюми соли гузашта хабару гузоришҳо чоп карда, мақолаҳои «Равғани нахл. Гуфтаниҳои ногуфта», «Мораторийи дусола. Ҳадаф ва зурурат», «Заргарӣ ҷузъи фарҳанги миллист» ва гузоришро аз бори нахуст ба Тоҷикистон оварда шудани Ҷоми ҷаҳонии футбол пешкаши хонандагон намудааст. Дар саҳифаи аввали шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (07.02.2018,№29) навиштаи И.Бадалов бо сарлавҳаи «Армуғони фарҳанги сулҳ» чоп шудааст. Ҳамчунин мақолаҳои «Муъминобод. Аз рушди сайёҳӣ то ҳунарҳои мардумӣ», «Партов. Истифодаи он каммасрафу фоидаовар аст», «Амнияти озуқаворӣ. Мушкилот ва чора», ки дар мавзӯъҳои муҳими рӯз навишта шудаанд, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта мешаванд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (08.02.2018,№17) матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро, ки аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 феврал ба имзо расидааст, нашр кардааст. Тибқи иловаи мазкур ба Қонуни амалкунанда давоми соли 2018 ҶСК «Тоҷик Эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. «Заминро сер бояд кард», «Рушди сайёҳии мамлакат ногузир аст», «Муллоро аз муллотарош фарқ мебояд», «Чаро иддае гирифтани қарзро «воҷиб»-у баргардониданашро «макрӯҳ» медонанд» ва дигар хабару гузоришҳои нашрия дар шумораи мазкур ба чоп расидаанд, ки бешак, қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (07.02.2018,№6) аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, ки рӯзҳои 1-2 феврал ба вуқӯъ пайваст, гузориши муфассали матбуотӣ чоп карда, мусоҳибаи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзодаро дар саҳифаи аввал нашр кардааст. Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мусоҳибаи сармуҳаррири нашрия М.Камолова бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Юе Бин, ҳамчунин ба муносибати 25-солагии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон мақолаи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Чорӣ Атаев чоп шудаанд. Нашрия аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Ҳукумати мамлакат оид ба натиҷаҳои нимсолаи дуюми соли 2017 хабару гузоришҳо нашр кардааст.

 «Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сармақолаи «Ба навиштани эссе омода бояд шуд» чоп шуда, дар саҳифаҳои асосии шумораи мазкур номгӯи мавзӯъҳои эссе аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик барои довталабони соли таҳсили 2018-2019 дастраси хонандагон шудааст. Мақолаҳои «Устоди бузурги ду адабиёт» (ба истиқболи 140-солагии устод Садриддин Айнӣ), «Китобе, ки дер боз интизораш будем» (оид ба чоп шудани китоби «Таърихи педагогикаи ҷаҳон»), «Муносибати босалоҳият ба таълим падидаи нав нест» аз ҳаёти соҳаи маорифи мамлакат нақл мекунанд.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар  саҳифаи назм шеърҳои Назри Яздонӣ «Нӯшбоди Маҳмудӣ», «Лолафарангӣ», «Рафтори шигифт» ва дар саҳифаи наср ҳикояи Юнус Юсуфиро бо номи «Шаби оташ» чоп кардааст. Дар саҳифаҳои дигари ҳафтанома навиштаҳои «Туҳфаи санъати тоҷик», «Садоқат ва муҳаббат», «Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун», «Шафақрези маърифат», «Пасту баланди шеъри сол» нашр шудаанд.

 

 

Февраль 8, 2018 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд