Сумангул Тағойзода бо Найтхарт Хёфер – Виссинг мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер – Виссинг мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла, дар самти шуғли аҳолӣ, тайёрии касбии шаҳрвандон, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Германия (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва омӯзиши касбии калонсолон дар Тоҷикистон» аз соли 2008 то соли 2016 амалӣ гардид, ки дар таъмир ва ташкили пойгоҳи моддӣ-техникии марказҳои таълими калонсолон ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузошт. Инчунин дар доираи барномаи мазкур устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои омухтани таҷриба ба Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҷумҳурии Беларус сафарҳои омӯзишӣ намудаанд, ки дар раванди омода намудани мутахассисони баландихтисос дар ҷумҳурӣ нақши муҳим гузоштанд.
Тарафҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва мусоидат дар соҳаҳои мавриди назар изҳори умедворӣ намуда, омодагии худро вобаста ба идома додани ҳамкории муштараки минбаъда иброз намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






