ТЕЛЕВИЗИОНИ «ФУТБОЛ» БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОМОДА МЕШАВАД. Дирӯз шабакаи навтаъсиси телевизиони Тоҷикистон яксола шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба оғози пахши барномаҳои телевизиони «Футбол» дар Тоҷикистон як сол пур шуд. 21 феврали соли 2017 бо ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар мамлакат шабакаи махсуси телевизионии «Футбол» ба фаъолият оғоз кард. Вобаста ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» бо Директори шабакаи телевизионии “Футбол” Наврӯз МУҚИМОВ суҳбат намуд.
«Ховар»: Шумо ва кормандонатонро ба муносибати солгарди ташкили шабакаи «Футбол» табрик мегӯем.
Н. Муқимов: — Ташаккур.
«Ховар»: Ин як соли фаъолият чӣ гуна сурат гирифт ва ба кадом дастовардҳо ноил шудед?
Н. Муқимов: Тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бо шумули футбол ба таври бесобиқа рушду ривоҷ ёфт.
Телевизиони «Футбол» давоми як соли фаъолияти худ тавонист бо пешниҳоди гузоришҳои мустақим, филмҳои мустанад, анонсу лавҳаҳои марбута мухлисони доимии худро пайдо кунад. Ба ғайр аз он ки бозиҳои Чемпионтаи Тоҷикистон оид ба футбол мустақиман тавассути ТВ «Футбол» пахш шуд, инчунин дархосту пешниҳоди мухлисонро ба назар гирифта, давоми фаъолияти худ гузоришҳои мустақимро аз ҷараёни чемпионатҳои бонуфузи миллии футболии Аврупо-Ла Лига, Премер-Лига, Бундеслига, Серияи А, Лигаи 1, бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико, инчунин чемпионати Осиё ва Аврупо оид ба футзалро ба мухлисон манзур гардонидем. Дар ин ҷараён таҳия ва тарҷумаи филмҳои мустанад доир ба ҳаёту фаъолият ва дастовардҳои футболбозону мураббиён ва таърихи дастаҳо ба роҳ монда шуд. Шабакаи “Футбол” тавонист қабл аз оғози рақобатҳо тавассути пахши анонсҳо бинандагони худро аз таърихи баргузории бозиҳо дар ҷараён гузорад. Лавҳаҳои гуногун ва мусоҳиба бо хабарнигорону футболбозон бинандагони моро дар танаффуси бозиҳо намегузоранд, ки аз назди экрани телевизиони худ дур шаванд. Саҳифаи шабакаи иҷтимоии «Футбол” дар «Фейсбук» ва “Одноклассники” хеле фаъол буда, мухлисони зиёдеро бо ҳам овардааст ва ҳар кадоме озод метавонад ба саволҳои худ ҷавоб гираду дархости хешро пешниҳод намояд.
«Ховар»: Тахминан чӣ миқдор тамошобинон дар Тоҷикистон ва берун аз он ТВ «Футбол»-ро тамошо мекунанд?
Н. Муқимов: Имрӯз тақрибан дар тамоми ҳудуди кишвар мавҷҳои ТВ «Футбол» ба тамошобинон дастрас буда, рағбати аҳолӣ барои тамошои шабакаи мо хеле зиёд аст. Дар хориҷи кишвар тавассути сомона имкон ҳаст, ки барномаҳоро тамошо кунанд.
«Ховар»: Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди футбол дар шабака чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
Н. Муқимов: Солҳои охир бо мақсади рушду тавсеаи футбол дар Тоҷикистон ва ҳарчӣ бештар оммавӣ гардондани он миёни ҷомеа тадбирҳои мукаммалу муассир мавриди амал қарор дода мешаванд, ки ба ривоҷу равнақи варзиши рақами яки ҷаҳон мусодат мекунанд. Дар барномаву тарҳҳо ва нақшаю реҷаҳои таҳиягардида масъулин бо шумули созмони марбутаи ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаву мушкилҳое, ки дар футболи мамлакат мавҷуданд, таваҷҷуҳ карда, роҳи ҳалли онро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд. Аз ҷумла, чанде пеш бо ташаббуси Федератсияи футболи кишвар ва таҳти назари бевоситаи Президенти ин ниҳоди бонуфузи варзишӣ Рустами Эмомалӣ бо ҷалби доираи васеи коршиносони ҳирфаӣ таҳти унвони «Орзу 2026» Барномаи дурнамои рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026 таҳия гардид, ки аллакай амалӣ намудани он шурӯъ шуд. Барномаи дарозмуддати мазкур аз банду фаслҳои алоҳида таркиб ёфтааст, ки марҳала ба марҳала татбиқ хоҳад шуд. ТВ “Футбол” низ барои дар амал татбиқ кардани ин барнома ва умуман тарғиби футбол тадбирҳои зарурӣ меандешад.
«Ховар»: Имсол Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол доир мегардад. Оё бозиҳои онро мустақиман нишон медиҳед?
Н. Муқимов: Бале, ТВ «Футбол» тасмим дорад имсол бозиҳои марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон-2018 оид ба футболро мустақиман пешниҳоди дӯстдорони навъи рақами 1-и варзиши сайёра гардонад. Дар ин бора шартномаи зарурӣ бо ширкатҳои дахлдор ба имзо расидааст.
Бахшида ба ин мусобиқот шабакаи мо як идда барномаҳоро рӯи даст дорад. Доир ба таърихи ин мусобиқот як зумра филмҳои мустанад айни замон тарҷума шудаанд ва дар арафаи оғози чемпионати ҷаҳон онро манзури бинандагон мегардонем. Доир ба ҳар як шаҳр, варзишгоҳ ва дастаи мунтахаби иштирокчии Чемпионати ҷаҳон барномаи алоҳида таҳия ва пешниҳоди бинандагон хоҳад шуд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар рӯзҳои баргузории ин мусобиқот барномаи вижаи «Рӯзномаи Ҷоми Ҷаҳон-2018» пешниҳоди мухлисон карда шавад.
А. БӮРИЕВ,
АМИТ «Ховар»








Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






