То ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 45 автобус дар хизмати сокинону меҳмонони пойтахт қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо автобусҳои тамғаи «AKIA», ки истеҳсоли Корхонаи муштараки тоҷикиву туркии «AKIA AVESTO» мебошанд, дар хизмати сокинону меҳмонони пойтахт қарор доранд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, алҳол 13 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» ба мусофирон хизмат мерасонанд ва то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шумораи онҳо ба 45 адад хоҳад расид.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи «AKIA» бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, шартнома ба имзо расонида шудааст.
Алҳол дар корхонаи мазкур бандубасти 13 автобус ба итмом расида, тибқи муқаррароти шартнома, дар марҳилаи дуюм боз 15 автобус аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо «AKIA AVESTO» оғози расмӣ бахшиданд. Дар оянда масъулони Корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд.
Бояд ёдовар шуд, ки баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.
Алҳол шумораи коргарони корхонаи бандубаст 40 нафарро ташкил менамояд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Ширкати туркӣ барои омӯзиш, сайқал додани савияи дониш ва малака дар бандубасти қисмҳои алоҳидаи автобусҳо барои мутахассисони маҳаллӣ курсҳои омӯзишӣ роҳандозӣ намуд.
Тавре мутахассисон иброз доштанд, қисмҳои асосии автобусҳои бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли Ширкати «Мерседес Бенз» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.
Тавре директори корхонаи муштараки «AKIA-AVESTO» Асрор Мирзоев зикр кард, автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд.
Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






