«ЗАБОН ДАР ДАҲОН, ЭЙ ХИРАДМАНД, ЧИСТ?» Саодатшо Матробиён дар робита ба забони модарӣ ва замони ҷаҳонишавӣ
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Забони модарӣ фарҳанги ягона ва захираи пурғановати психологии ҳар як этносро ташкил дода, он яке аз нишонаҳои аввалини мансубияти этникӣ ва миллии ҳар шахс маҳсуб мегардад. Вале инкишофи бемайлони илму техника дар замони муосир ба забон бетаъсир нахоҳад монд. Бо рушду тавсеаи технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва иртиботӣ ҷаҳони муосир аз даврони пешинаи таърихи башарият тавофут дорад, ки ин раванд, аз як тараф, боиси инкишофу густариши робитаҳои гуногун дар байни мардумони маскуни минтақаҳои мухталифи ҷаҳон гардида, торафт теъдоди зиёди одамонро фаро мегирад. Аз тарафи дигар, боиси ба вуҷуд омадани шаклҳо ва воситаҳои мукаммалтарини робитаи байни фардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, ба яке аз омилҳои муҳими гароиш ба ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар шароити кунунӣ табдил меёбад. Дар ин раванд нақши забон ҳамчун муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳо беш аз пеш муҳимтар мегардад. Зеро фарогирии ҳар навъ иттилоот новобаста ба роҳҳо ва усулҳои интиқоли он танҳо ба воситаи забон сурат гирифта метавонад. Тавре Саъдии Шерозӣ фармудааст: «Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист? Калиди дари ганҷи соҳибҳунар…».
Дар робита ба забони модарӣ ва замони ҷаҳонишавӣ муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо МАТРОБИЁН зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин баён дошт:
Замони ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки дар робита бо забонҳои мухталиф муҳимтарин масъалаҳои илми забоншиносӣ ба таври амиқ омӯхта шаванд, то ғановату имконоти забон дар таҳкиму густариши алоқаҳои гуногуни байни инсонҳои муосир ба таври муфид ва самарабахш истифода гардад. Яктарафа таваҷҷуҳ намудан ба пешрафти техникӣ ба таназзули ахлоқ ва маънавиёт ва ҳатто ҷомеаи инсонӣ оварда мерасонад.
Раванди ҷаҳонишавӣ, бе ҳеҷ шубҳа, агар, аз як ҷониб боиси инкишоф ва рушди забонҳои абарқудрат гардад, аммо аз ҷониби дигар барои забонҳои камнуфуз монеа низ эҷод мекунад. Бинобар ин дар чунин ҳолат танҳо соҳибони забон метавонанд забони модарии худро аз хатари ҷаҳонишавӣ нигоҳ доранд. Ҳифзи ин маданияти маънавӣ, пос доштану аз насл ба насл дар шакли нобу беолоиш интиқол намудани он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори арзишҳои миллӣ муқаддас будани забонро таъкид намуда, миллати куҳанбунёди моро барои муқаддас нигоҳ доштани ягона ёдгории ниёгон, ки дар масири таърих миллатро ҳамроҳӣ намуда, ваҳдати онро нигоҳ доштааст, даъват менамоянд: «Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд».
Мусаллам аст, ки дар ҳоли ҳозир дар рӯйи дунё зиёда аз 7000 забон мавҷуд аст, вале таассуфовар он аст, ки сурати аз байн рафтани забонҳо ончунон тез шудааст, ки мувофиқи ҳисоботи омории ЮНЕСКО, дар ду ҳафта як забон аз байн рафта истодааст ва аз 7000 забони рӯйи замин то охири асри 21 нисфи он аз байн хоҳад рафт. Девид Ҳеррисон дар китоби худ «Вақте ки забонҳо мемиранд» менависад, ки суръати ҳаракати аз байн рафтани забонҳо нисбат ба даврони қадиму миёна хеле тез аст. Забонҳо нисбат ба растаниҳо ва ҳайвоноти нодир зиёдтар талаф ёфта истодаанд».
Ӯ сабаби талаф ёфтани забонҳоро дар ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират мебинад. Таҳти таъсири омили иқтисодӣ мардум аз деҳа ба шаҳр мекӯчад. Дар шаҳр кӯдакон ва наврасон дар шароити дузабонӣ ба воя мерасанд. Мавқеи яке аз забонҳо мустаҳкамтар мегардад ва дар ин ҳолат насли наврас ва ҷавон ҳамон забонеро интихоб мекунанд, ки бо он дар ҳама вазъият муошират карда тавонанд.
Барои наҷоти забонҳои рӯйи дунё аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барномаҳои гуногун таҳия гардидаанд.
Забонҳоро аз рӯйи таҳдиди хавфи нобудшавӣ ба 5 дараҷа ҷудо менамоянд. Мувофиқи таҳлили омории ЮНЕСКО дар соли 2010, дар 50-60 соли охир вазъи забонҳои дунё чунин шакл гирифтааст:
Бехавф | Забоне, ки аз насл ба насл истифода шуда, интиқоли он байни наслҳо халалдор нагаштааст. |
1. Коҳида | Забоне, ки бо он қисми зиёди кӯдакон гуфтугӯ мекунанд , аммо истифодаи он метавонад маҳдуд бошад (масалан, бо он забон танҳо дар доираи хонаводагӣ гуфтугӯ намоянд) |
2. Таҳдиди хатар | Забоне, ки барои кӯдакон ҳамчун забони модарӣ омӯзонида намешавад. |
3. Хатари ҷиддӣ | Забоне, ки танҳо аз ҷониби насли калонсол истифода мешавад ва барои волидайн фаҳмо аст, аммо барои кӯдакон нофаҳмо ва онро дар муошират истифода намебаранд. |
4. Дар ҳоли нобудшавӣ | Забоне, ки соҳиби хурдтарини он калонсолон мебошад, вале онҳо ҳам онро қисман ва гоҳҳо истифода мебаранд. |
5. Нобудшуда | Забоне, ки дигар мавриди истифода нест. |
Бо назардошти дар чунин вазъ қарор доштани забонҳо дар 30-юмин иҷлосияи конференсияи генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонист, дар ин масъала бетарафиро ихтиёр накард. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишонаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати давлатӣ оид ба забон мебошад.
Пеш аз ҳама, ба забони тоҷикӣ, ки суннатҳои қадимӣ дошта, дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ мавқеи хосса дорад, мақоми забони давлатии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дода шуд. Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои қадимаи ҷаҳонист, ки роҳи дурударозу пурхавфи таърихиро тай намуда, давраҳои бостону миёнаро аз сар гузаронида ва беш аз ҳазор сол дар давраи нав қарор гирифта, то ба имрӯз асолати худро аз даст надодааст.
Мақоми забони тоҷикӣ, ки дар низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии кишвар бештар таҳким ва густариш ёфт, дар баробари дигар забонҳои ҷаҳон бо технологияи навин рӯ ба рӯ гардидааст. Вобаста ба ин нукта масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи забон ба яке аз мавзӯъҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи имрӯза мубаддал гардидааст.
Зикр бояд кард, ки боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз ба ҳифзи забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, нигаронида шудааст. Ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи сермиллату гуногунхалқият аст. Ҳар миллату халқияти Тоҷикистон забони модарӣ ё забони аҷдодии худро доранд. Мавриди тазаккур аст, ки ба ҳамаи ин халқияту миллатҳо ҳуқуқи озодона истифода бурдан аз забони модариашон дода шудааст. Миллатҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ гурӯҳи этникии муайян доранд, зери мафҳуми ақаллиятҳои миллӣ шинохта мешаванд. Ба он забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ, қирғизӣ, арабии осиёимиёнагӣ ва перя дохил мешаванд. Ғайр аз ақаллиятҳои миллӣ ақаллиятҳои забонӣ мавҷуданд, ки қисми 2 моддаи 4 боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз барои ҳимоя ва инкишофи онҳо бахшида шудааст. Ба забонҳои ақаллиятҳои забонӣ забонҳои бадахшонӣ ва забони яғнобӣ дохил мешаванд, ки дар таърихи миллати тоҷик нақши муайяне доранд.
Арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани мероси фарҳангиву маънавии миллатро Пешвои миллат вазифаи муқаддаси ҳар соҳибзабони баору номус шуморида, онро дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии хеш иброз медоранд. Далели гуфтаҳои боло суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мебошад: «Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати бойигарии забонӣ музейи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва соҳилҳои болоии дарёи Зарафшон маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Ин забонҳо хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, ки ҳифзу баррасии илмии онҳо бояд муҳайё карда шавад… Тағйироте, ки дар асоси талаботи давраи нави таърихи миллати мо ба вуқӯъ мепайванданд, забонҳои помириро ба тағйироти сифатӣ дучор хоҳанд намуд, вале мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин забонҳоро ба сифати бойигарии маънавии миллӣ нигаҳ дошта бошем».
Дар «Китоби сурхи забонҳо»-и ЮНЕСКО 11 забони Тоҷикистон ворид гардидааст, ки ба он забонҳои зерин- яғнобӣ, арабии осиёимиёнагӣ, перя, язгуломӣ, бартангӣ, орошорвӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, ишкошимӣ ва вахонӣ дохил мешаванд.
Хулоса, аз рӯи нишондоди забоншиносон, аз 7000 забони мавҷудаи рӯи дунё 90% аз 100 ҳазор камтар гӯянда доранд. Нисфи аҳолии рӯи дунё танҳо аз 8 забон истифода мебаранд. 357 забон мавҷуд аст, ки имрӯз камтар аз 50 нафар гӯянда доранд ва 46 забони дагар имрӯз ба миқдори якнафарӣ гӯянда доранд. Нишондодҳои забоншиносӣ муайян намудаанд, ки дар тӯли 500 соли охир тахминан 4,5% аз забонҳои мавҷуда аз байн рафтаанд. Ба фикри забоншиносон баъд аз 100 сол аз 3000 то 6000 забонҳои амалкунанда (аз 50 то 90%) аз байн хоҳанд рафт ва мо тахминан ҳар рӯз як забонро аз даст медиҳем. Барои он ки забон ҳифз шавад, на кам аз 100 ҳазор гӯянда бояд дошта бошад. Дар замони ҳозира тахминан 400 забон дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд, ки аз байни онҳо дар Тоҷикистон забонҳои язгуломӣ, перя, яғнобӣ, бартангӣ, орошорвӣ ва ишкошимӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аммо барои ҳифз ва нигаҳдошти ин забонҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро фароҳам овардааст, ки далели ин гуфтаҳо моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Точикистон» мебошад.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»