Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни Наврӯз 130 ҳазор бех гулҳои садбарг шинониданд

Март 20, 2018 10:37

ҲИСОР, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ҷашни  аҷдодиамон-Наврӯзи Аҷам бо рангу бӯи тоза ба кишвари тоҷикон қадам мегузорад. Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани он дар шаҳри Ҳисор    корҳои ободонию сабзазоркунӣ    босуръат ҷараён дошта,  тамоми сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, кормандони сохторҳои марбута ва  ташкилоту муассисаҳои шаҳр  ба шинонидани гулу дарахтони ороишӣ ва майсазор намудани майдонҳо, ки яке аз суннатҳои Наврӯзи бостонӣ  маҳсуб меёбад,  машғуланд.

Тибқи иттилои директори Раёсати сабзазоркунӣ ва ободонии шаҳри Ҳисор  Фарҳод Файзуллоев, то имрӯз тавассути ҳашарҳои умумии сокинону хоҷагидорон дар ду тарафи  роҳи марказӣ ва шоҳроҳҳои ҳудуди шаҳр ба миқдори  130 ҳазор бех гулҳои садбарг ва 600 бех дарахтони сояафкан, аз қабили арча ва шоҳбулут шинонида шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои таблиғу ташвиқи ин ҷашни таърихии миллати тоҷик миёни ҷавонону наврасон барномаҳои тантанавиро аз рӯзи 16  март оғоз намуд, ки то  25 март идома меёбанд.

Аз  бахши ҷавонони шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам 18 март  дар шаҳри Ҳисор  мусобиқаи бузкашӣ ва аспдавонӣ  баргузор гардиданд. Ҳамчунин 21 март дар Қалъаи Ҳисор бо иштироки беҳтарин варзишгарон  баргузории гӯштини миллии ҷумҳуриявӣ дар назар аст.

 

Март 20, 2018 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад