Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 8-уми вазирони туризми кишварҳои аъзои барномаи «Шоҳроҳи Абрешим» дар Берлин ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2018./АМИТ «Ховар»/. 7 марти соли равон дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин-2018 ҷаласаи 8-уми вазирони туризми кишварҳои аъзои барномаи «Шоҳроҳи Абрешим»-и Созмони ҷаҳонии туристӣ баргузор гардид. Дар кори он муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Маликшо Неъматов иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ҶТ дар ҶФГ хабар доданд.
Ҷаласаро котиби навинтихоби Созмони ҷаҳонии туристӣ Зураб Пололикашвили кушода, оид ба аҳамияти рушди туризм дар ҷаҳони муосир, билхоса дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бурдани сатҳи зиндагии миллионҳо одамон сухан гуфт ва нақши бренди «Шоҳроҳи бузурги Абрешим»-ро барои кишварҳои аъзои барнома хеле муфид арзёбӣ намуд.
Сипас дар доираи ҷаласа табодули афкор ҷиҳати рушди туризм дар байни кишварҳои аъзои барномаи «Шоҳроҳи Абрешим» сурат гирифт. Ҳайати Тоҷикистон ба иштирокчиён оид ба рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи давлату ҳукумати мамлакат ва алалхусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа маълумот пешниҳод намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки ин метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар такони нав бахшад.









Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






