Акмалиддин дар раддабандии самбои ҷаҳонӣ зинаи аввалро ишғол кард

Март 5, 2018 18:28

ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Паҳлавони  маъруфи  тоҷик Акмалиддин Каримов дар  феҳристи  самбои ҷаҳонӣ, ки аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 нашр шудааст, дар миёни 167 гӯштингири вазнашон 57 кило бо 2100 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Тавре дар сомонаи  Телевизиони «Варзиш»  нашр шудааст, дар феҳристи самбои ҷаҳонӣ натиҷаи Акмалиддин Каримов дар байни варзишгарони тоҷик беҳтарин аст. Ӯ соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Сочии Россия барпо гардид, дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило медали нуқра ба даст овард.

Акмалиддин Каримов инчунин дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ва Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри  Ашқободи Туркманистон бо медалҳои тилло сарфароз гаштааст.

Қаҳрамони ҷаҳон  Беҳрӯзи Хоҷазода дар феҳристи ҷаҳонии самбо бо 1700 имтиёз дар байни 253 нафар гӯштингирони вазнашон то  74 кило мақоми 2-юмро касб намудааст.

 

Март 5, 2018 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд