Акмалиддин дар раддабандии самбои ҷаҳонӣ зинаи аввалро ишғол кард
ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар феҳристи самбои ҷаҳонӣ, ки аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 нашр шудааст, дар миёни 167 гӯштингири вазнашон 57 кило бо 2100 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Тавре дар сомонаи Телевизиони «Варзиш» нашр шудааст, дар феҳристи самбои ҷаҳонӣ натиҷаи Акмалиддин Каримов дар байни варзишгарони тоҷик беҳтарин аст. Ӯ соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Сочии Россия барпо гардид, дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило медали нуқра ба даст овард.
Акмалиддин Каримов инчунин дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тошканд ва Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бо медалҳои тилло сарфароз гаштааст.
Қаҳрамони ҷаҳон Беҳрӯзи Хоҷазода дар феҳристи ҷаҳонии самбо бо 1700 имтиёз дар байни 253 нафар гӯштингирони вазнашон то 74 кило мақоми 2-юмро касб намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






